Gazprom july 2025
«Тоҷиктелеком» сарпарасти расмии мусобиқоти бонуфузи Ҷоми CAFA Nations Cup 2025 гашт
35

Оператори пешбари миллии алоқаи Тоҷикистон «Тоҷиктелеком» сарпарасти расмии мусобиқоти бонуфузи байналмилалии футбол “Ҷоми CAFA Nations Cup 2025” гашт.

Имрӯз, 22-юми августи соли 2025 дар бинои маъмурии Хадамоти алоқаи Тоҷикистон маросими расмии ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ баргузор гашта, провайдери миллии интернети кишварамон «Тоҷиктелеком» сарпарастии мусобиқоти бонуфузи байналмилалии футбол “Ҷоми CAFA Nations Cup 2025”-ро бар дӯш гирифт.

Тавре Ҷамшед Бобоалиев, директори тиҷоратии ширкати «Тоҷиктелеком» зимни маросими ба имзо расонидани созишнома гуфт, “Ҷоми CAFA Nations Cup” як фурсати хеле хуб барои нишон додани хислати миллӣ, муттаҳид намудани мухлисони сершумори футбол ва эъломи тавоноии футболи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Барои "Тоҷиктелеком" иштирок кардан дар ин чорабинии бонуфузи варзишӣ шарафи бузург буда, ҳадаф аз сарпарастии Ҷоми CAFA Nations Cup 2025 дастгирии тими миллӣ дар роҳи ба даст овардани пирӯзӣ ва фароҳам овардани фазои ваҳдату ягонагӣ байни ҳазорон-ҳазор мухлисони футбол дар саросари кишвар аст.

Имсол дар як мусобиқаи бонуфузи байналмилали Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Ҷоми CAFA Nations Cup 2025 оид ба футбол 8 даста ширкат варзида, дар ду гурӯҳ бо ҳамдигар рақобат менамоянд. Дар гурӯҳи “А” футболбозони Ӯзбекистон мизбон буда, дастаҳои Қирғизистон, Туркманистон ва Уммон низ дар ҳайати ин гурӯҳ бозӣ мекунанд. Дар гурӯҳи «В» Тоҷикистон мизбон интихоб шудааст ва ба ин гурӯҳ футболбозони Эрон, Афғонистон ва Ҳиндустон шомил гашта, бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Тамоми бозиҳои гурӯҳи мазкур дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мегарданд.

Тақвими бозиҳо:

29 август - Тоҷикистон - Ҳиндустон

1 сентябр - Афғонистон - Тоҷикистон

4 сентябр - Тоҷикистон - Эрон

8 сентябр - бозӣ барои ҷои 3-юм

Ҷоми CAFA Nations 2025 як мусобиқаи хеле ҷолиби варзишӣ буда, барои дӯстдорони футбол шомҳои фаромӯшнашавандаи варзиширо ҳадя хоҳад кард. Мухлисони тоҷик дар якҷоягӣ бо “Тоҷиктелеком” имкон пайдо мекунанд, ки ҷузъи ин ҷашнвораи байналмилалии футбол гарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД