Зафар Умарзода, соҳиби лауреати “Дили гарм” шуд. Ин ҷоизаро ба ӯ барои шуҷоиати беандозааш ҷиҳати наҷоти кӯдаки 7 сола тақдим шуд.
Ҷоизасупорӣ дар Шаҳри Маскваи Федератсияи Руссия баргузор гардид. Дар ин китоби фахрӣ дар соли 2023 номи 140 ҷавонӣ шуҷоъ, ки синнашон то 23 сола аст ва барои кумак ба дигарон хизмати софдилона намудаанд, ворид шудааст.
Яке аз чунин нафарон зодаи Тоҷикистон Зафар Умарзода аст.
Баҳори соли гузашта Зафар ҳангоми ба хона баргаштанаш садои кӯдакеро мешунавад, ки барои наҷоти дӯсташ дод мезад. Зафар ба сардии оби канал нигоҳ накарда, кӯдаки ғарқшудаистодаро наҷот дод.