Formula novemver 2024
Тоҷиконро дар Қирғизистон бо тӯҳмат суд мекунанд?
1859


Даргирӣ ва задухӯрдҳои мусаллаҳонае, ки рӯзҳои 28-30 апрели соли равон дар пайи муноқиша дар саргаҳи оби “Головной” дар марзи Тоҷикистон ва Қиргизистон ба амал омаданд, натанҳо ба сард шудани муносибатҳои ду кишвар боис гаштанд, балки ба тақдири мардуми оддӣ низ бе таъсир намонданд. Қаблан тоҷикон бидуни ягон хавфу хатар ба кишвари ҳамсоя сафар карда, он ҷо кор мекарданд ва ё бо тиҷорат машғул шуда, молу маҳсулоти гуногунро аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид менамуданд, аммо баъди даргириҳои мусаллаҳона дар марз вазъият тағйир ёфта, душманию кинаварзӣ шиддат гирифт.

 

Даҳҳо нафар тоҷикон баъди моҷарои марз дар Қирғизистон бе сабаб мавриди лату кӯб қарор гирифта, молу амволашон ба яғмо рафт. Мегӯянд “вақт дармони ҳама дардҳост” ва зоҳиран чунин менамуд, ки бо гузашти замон вазъият торафт оромтару амнтар мешавад, аммо яке аз додгоҳҳои Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро танҳо барои бо сарбозон акс гирифтанашон ба ҳукми абад маҳкум кардааст.
Тавре ки Спутник менависад, суди ноҳияи Исфанаи вилояти Ботканди Қирғизистон шаҳрвандони Тоҷикистон-Абдурозиқ Қаҳҳоров ва Аскар Юнусовро бар асоси моддаҳои 380 (ҷиноят бар зидди сулҳ) ва 391 (ғоратгарӣ) -и Кодекси ҷиноӣ гунаҳкор дониста ба ҳабси абад маҳкум кардааст, аммо худи судшавнадаҳо ва пайвандонашон иштироки онҳоро дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ рад мекунанд.
Ҳамсари Абдурозиқ Қаҳҳоров- Наргиза Ҷабборова дар сӯҳбат ба хабарнигорони Спутник айби нисбати шавҳараш эълон шударо тӯҳмат номида, таъкид кардааст, ки аз болои ҳукми суд ҳатман ба зинаҳои болоӣ шикоят бурда, кӯшиш мекунад таваҷҷӯҳи созмонҳои байналмиллалиро ба ин масъала ҷабл намояд.
Ба гуфти Наргиза Ҷабборова онҳо дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон замин ва як хона саҳроӣ доранду ҳар сол ба хотири парвариши чорво ва ҷамъоварии ҳосили зардолу фаслҳои баҳору тобистонро дар он ҷо мегузаронанд.

Рӯзи 22-май кормандони мақомоти интизомии Қирғизистон ба ҳамон хонаи саҳроӣ омада Наргиза ва падаршӯяшро бо худ бурдаанд. Шавҳараш Абдурозиқ бехабар аз доме, ки барояш ниҳода буданд, барои фаҳмидани сабаби боздошти ҳамсар ва падараш ба идораи милитсияи минтақаи Борбордуки ноҳияи Лайлак меравад. Кормандони милитсия телефони мобилии ӯро тасарруф мекунанд ва аксҳои ҳамроҳи сарбозон гирифтаашро дида, Абдурозиқ Қаҳҳоровро боздошт менамоянд.

Наргиза мегӯяд, шавҳараш дар муноқишаҳои марзӣ тамоман даст надошт ва аз рӯйи одати ҳамешагиаш, ки суратгириро аз даврони ҷавонӣ дӯст медошт, ҳамроҳи аскарон акс гирифтааст, аммо суди Қиргизистон бидуни ягон далел ва шоҳид ӯро дар ҷиноят бар зидди сулҳ ва дуздӣ муттаҳам дониста ба ҳабси абад маҳкум намудааст.Қаҳҳоров ва Юнусов сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мебошад.

Абдурозиқ Қаҳҳоров 41-сол дошта, муддати 12 сол ба сифати омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик дар мактаб–интернат барои хонандагони кар ва шунавониашон сусти ҷамоати Хистеварз кор кардааст. Солҳои охир ӯ дар хатсайри 66 ба мусофирбарӣ машғул буд, вале рӯзи 22-май аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон боздошт шуда, ба қавли ҳамсараш Наргиза “бо тӯҳмат” ба ҳабси абад маҳкум шудааст. Ҳамтақдири ӯ Аскар Юнусов низ дар задухӯрд ва муноқишаҳои марзӣ даст доштанашро рад мекунад, аммо суд бидуни шоҳид ва далел ин ду шаҳрванди Тоҷикистонро барои як умр аз озодӣ маҳрум ва ба азоби зиндон маҳкум намудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД