Бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносӣ, гиромидошти арзишҳои миллию давлатдорӣ, муттаҳидсозии нерӯи бонувон дар тарбияи насли ҷавони кишвар, гиромидошти арзишҳои ахлоқӣ дар хориҷи кишвар, мизи мудаввар дар мавзӯи “Нақши занон дар тарбия ва ташаккули худшиносии миллӣ ва ватандӯстии ҷавонону наврасон дар замони муосир” баргузор гардид. Дар ин бора Каримҷон Салимзода, масъули бахши матбуоти Шӯро ба Oila.tj хабар дод.
Мавсуф иттилоъ дод, ки дар кори мизи мудаввар масъулини Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, аъзои Котиботи Шӯрои ҷамъиятии назди Сафорат, роҳбарони гуруҳҳои кории назди Шӯро, намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва, олимону муҳаққиқон, ҷамъиятшиносон, занону бонувони фаъоли муқими шаҳри Москва ва вилояти он, роҳбарони гуруҳҳои занони фаъол дар кишвари иқомат иштирок ва вобаста ба масъалаи мазкур андешаронӣ намуданд.
Вобаста ба “Нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа” Боев Саид Муллоевич, котиби Шӯро, “Саҳми занон дар тарбияи ватандӯстии ҷавонон дар замони муосир: мушкилот ва роҳҳои ҳали масъала” Азимова Дилором Ортиқовна, роҳбари гуруҳи кор бо занони Шӯро, “Роҳҳои муттаҳидсозии нерӯи занон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеаи дунявӣ” олими барҷастаи тоҷики муқими кишвари иқомат Ҳокимшо Муҳаббатов, “Нақши занон дар рушд ва гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ ва анъанаҳои миллӣ” Сайёра Ашрапова, номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи забон ва фарҳанги Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва хориҷаи наздик, директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар Донишгоҳи давлатии лингвистии шаҳри Москваи Федератсияи Россия, “Саҳми занон дар пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароиву террористӣ” Алимардонова Турсуной, аъзои Котиботи Шӯро, “Занон ва ҷамъият” Матробова Насима Амиршоевна, намояндаи Ташкилоти ҷамъиятии тоҷикони шаҳри Москва - “Нур”, “Саҳми занон дар рушди иқтисоди миллӣ: иштироки фаъолонаи занон дар соҳаҳоҳои иқтисодӣ” Вакилова Гулбаҳор, узви Шӯро, соҳибкорзан, “Саҳми зан-Модар дар тарбияи оилавӣ ва ҳифзи арзишҳои маданиву маърифатӣ дар ҷомеа” Акрамова Шарифа Соҳибҷонова, узви Шӯро, «Нақши занон дар мутобиқшавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна қаламрави Федератсияи Россия» Аминова Гулшан Абдуллоевна, табиби тоҷик дар шаҳри Москва, “Нақши занон дар оила ва ҳайёти инсон" Холмирзоева Гулчеҳра Темуровна, “Арзишҳои ахлоқӣ ва баланд бардоштани маърифати занону бонувон” Ҷураева Мунира Рахматовна, роҳбари занону бонувони Маркази тиҷоратии “Фудсити”, “Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа” – Ҳакимова Зулфия, узви Шӯро, роҳбари гуруҳи занони фаъоли “Клуби дугонаҳо” ва “Мавқеи занон дар Паёмҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” Тоҳирова Муҳайё, собиқадори меҳнат, бо маводди таҳлиливу тадқиқотӣ баромад намуда, роҳҳои пешгирӣ, мусоидат ба ҳалли масъалаҳои ҷойдошта дар миёни наврасону ҷавонон, истифодаи методҳои муосир дар тарбияи насли наврас, корбурди усулҳои гуногун баҳри баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва ифтихори ватандории насли ҷавони тоҷикро дар хориҷи кишвар баррасӣ намуданд.
Аз ҷумла, вобаста ба пешгирии ҷавонону нарасон аз хатару таҳдидҳои муосир, шомилшавӣ ба гуруҳҳои иртиҷоиву ифротӣ, террористиву экстремистӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ҷудоиандоз, гаравиши насли ҷавон дар хориҷи кишвар ба хурофотпарасӣ ва бегонапарасӣ далелҳои равшан оварда шуда, роҳҳои пешгирӣ ва тарбияи дурусти насли ҷавонро дар ин самт арзёбӣ намуданд.
Дар анҷоми кори мизи мудаввар иштирокдорон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои пайвастаи занону бонувон, фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати фаъолият дар соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷамъият, ташкили квотаи президентӣ барои таҳсили духтарони кӯҳистон ва ноҳияҳои дурдаст, стипендияи президентӣ барои ҳавасмандгардонии насли ҷавон ҷиҳати омӯзиши илму маърифат изҳори миннатдорӣ намуда, таъкид карданд, ки барои тарғиби арзишҳои милливу маданӣ, осори гаронбаҳои миллат, арзишҳои давлатдории миллӣ ва тарбия намудани насли ҷавон дар хориҷи кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ талош менамоем.