Нашриёти “Дор ал-амал ал-ҷадида” дар Димишқи Сурия китоби академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро дар 2 ҷилд бо дархости Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ бори дуюм нашр намудааст.
Китобро адиб ва мутарҷими шинохтаи Сурия доктор Иброҳим Истанбулӣ аз рӯйи нусхаи асли русӣ ба забони арабӣ баргардон намудааст. Ёдрас мешавем, ки тарҷумаи арабии осори як зумра адибони бузурги Русия, аз ҷумла Расул Ғамзатов ва дигар нависандагони Доғистон маҳз ба қалами Иброҳим Истамбулӣ тааллуқ дорад.
Ба китоб Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи Академия Қобилҷон Хушвахтзода пешгуфтор навишта, дар он хонандаи арабро бо ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби тарғиби шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров, аз ҷумла ташаббуси охир дар бораи таъсиси Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, шарқшиносӣ ва саҳми назаррас дар муаррифии таъриху фарҳанги деринаи тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ, ки 5-уми декабри соли 2023 дар суханронии Пешвои миллат дар Симпозиуми байналмилалии илмӣ бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров дар шаҳри Душанбе садо дод, шинос мекунад.
Бори аввал ин шоҳасар соли 2023, дар арафаи 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ ба муносибати Соли бузургдошти “Тоҷикон” ва муаллифи он академик Бобоҷон Ғафуров ба табъ расида, ноширон онро ба Тарғибгари китоб - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдо намуда буданд.
Китоби мазкур ҳамроҳи китоби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”, ки солҳои пеш дар чаҳор ҷилд дар Қоҳира чоп шуда буд, дар ҷаҳони араб мавриди таваҷҷуҳи олимон, мутахассисон ва алоқамандони таърихи бостонии мардуми тоҷики тамаддунсоз қарор гирифтааст.
Дар ин хусус ходими хурди илмии шуъбаи Шарқи Миёна ва Наздики Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шаҳлохон Муродалӣ ба «Ховар» хабар додааст.