Раиси Кумитаи телевизион ва радио Нуриддин Саид ба тамоми радио ва телевизионҳои давлатии кишвар дастур додааст, ки давоми 2 рӯз аз пахши суруд ва мусиқӣ худдорӣ намоянд.
“Ин нишонаи ҳамдардиву тасаллияти ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон ба халқи дӯст ва ҳамфарҳанги мо Эрон аст”,- гуфтааст Нуриддин Саид.
Ёдрас мешавем, ки рӯзи 19-уми май раисҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ бо 8 нафар ҳамроҳонаш бар асари суқути чархбол дар вилояти Озарбойҷони шарқии Эрон ба ҳалокат расиданд. Ҷасади Иброҳим Раисӣ ва дигар шаҳидони ин фоҷиаро дирӯз пайдо намуданд.