Маъмурияти яке аз бонуфузтарин меҳмонхонаҳои Тоҷикистон “Ҳилтон” шуруъ аз имрӯз карантин эълон карда, фаъолияташро муваққатан қатъ кардааст.
Сабаби қатъ намудани фаъолияти меҳмонхонаро, дар суҳбат бо мухбири сомона, карантин шудани аксар кишварҳо ва манъи парвозҳо ба ҷумҳурии мо гуфтанд.
Қаблан Павел Йиндра, роҳбари генералии меҳмонхона бо нашри як баёнияи расмӣ сабаби баста шудани дарҳои меҳмонхонаро ба таҳдиди вируси нави COVID-19 дар ҷаҳон гуфт ва эълон дошт, ки бо сабаби маргбор будани вируси нав соҳаи сайёҳӣ суқут карда, тиҷорати меҳмонхона зарар дидааст.
“Бо сабаби паҳншавии вируси нав мо тасмим гирифтем, ки кори меҳмонхонаро аз аз имрӯз (1 апрели соли 2020) муваққатан ба таъхир гузорем. Бинобар ин, мо наметавонем дархости муштариёнро барои истиқомат ва баргузории чорибиниҳо дар меҳмонхонаамон бипазирем. Ҳадафи аслии мо сиҳати меҳмонон ва коргаронамон аст. Илова бар ин, дар ҳоле, ки мо корхонаи масъули иҷтимоӣ ҳастем, барои пешгирии вируси нав ҳамаи чораҳоро хоҳем дид. Барои ҳамин, мо аз ҳамаи муштариёнамон хоҳиш мекунем, ки як муддат дар хона монанд ва гигиенаи шахсиро риоя карда, дастурҳоеро, ки аз соҳаи тандурустӣ ирсол мешаванд, ба пуррагӣ иҷро кунанд”, - омадааст дар баёния.
“Дар нахустин имконияту шароит мо шуморо аз оғози кори худ огоҳ хоҳем кард. Баъди ин дарҳои меҳмонхона кушода хоҳанд шуд. Саломатии шумо ҳадафи аввалиндараҷаи мост”, - гуфт Павел Йиндра роҳбари кулли меҳмонхона.