Arzon march 2024
Тоҷикистон ва тоҷикон аз назари як сайёҳи фаронсавӣ
546

Кишвари мо табиати зебо ва афсункоре дорад ва табиист, ки ин зебоиҳо сайёҳони хориҷиро ба Тоҷикистон меорад. Имрўз дар минтақаҳои гунонуни ватанамон аз тамоми олам сайёҳону оламгардонро дидан мумкин аст. Суҳбати мо бо як нафар марди сайёҳ - Робин Батағ, ки сокини шаҳри Тулузи Фаронса мебошад, атрофи ин зебоиҳо буд. Ман зиёд мехостам назари ўро дар бораи Тоҷикистон, тоҷикон ва ҳама он чизе, ки барояш нав буд, бифаҳмам.

- Чаро тасмим гирифтед, ки ба Тоҷикистон ба саёҳат биёед?

- Ман дўсти эроние бо номи Кайвон дорам. Ман албатта медонистам, ки дар дунё кишваре бо номи Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале дар бораи чӣ қадар зебо будани ватани шумо аз дўстам Кайвон шунидам. Баъд, аз интернет ҷустаму ёфтам, ки ин ҷо чӣ қадар мавзеҳои зебои сайёҳӣ ҳастанд ва тасмим гирифтам аз Тоҷикистон дидан мекунам. Чунки, шуғли дўстдоштаи ман сайру сайёҳист, зеро дунё дидан одамро дигар мекунад.

- Шумо дар бораи чӣ қадар афсункор будани табиати Тоҷикистон медонистед, аммо дар бораи тоҷикон чӣ?

- Агар дар бораи миллате донистан хоҳӣ, таърих ва адабиёти онро омўхтан даркор, ман ҳам ба таъриху адабиёти тоҷикон кам-кам ошноӣ дорам. Медонам, ки тоҷикон таърихи кўҳан ва адабиёти бою ғание доранд. Ҳатто аз Саъдӣ чанд байт аз ёд медонам ва кўшиш мекунам барои шумо ба забони тоҷикӣ хонам:

Банни одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд...

Дар ин шеърро ба забони тоҷикӣ хондани ман ҳам дўсти эрониям саҳм дорад. Вақте ин шеъри Саъдиро барои дўстони тоҷикам хондам, онҳо давомаш медоданд, ҳатто кўдакон ҳам, ин шеърро азёд медонанд! Аз ин бармеояд, ки тоҷикон миллати адабпарваранд.

- Таассурои худро аз қадами аввалинатон ба хоки Тоҷикистон мегуфтед.

- Ман аз Ўзбекистон ба Хуҷанд омадам ва дар ин шаҳри бостонӣ бо марде бо номи Абдулло шинос шудам, ки ў маро дар як ҳафтаи дар Хуҷанд буданам, дар хонаи худаш меҳмондорӣ кард. Ин марди нек дар ин муддат барои ман мисли падарам шуд ва вақте барои сафар ба пойтахти Тоҷикистон – Душанбе омодагӣ мегирифтам, бароям як халта зардолуи хушк ва хўрданиҳои зиёди дигар низ дод. Ман ба меҳмондўстиву одамнавозии тоҷикон шайдо шудам! Ботини ин миллат мисли табиати кишварашон зебост!

- Душанберо чӣ гуна дарёфтед?

- Дар Душанбе ҳам, ман бо як хонаводае шинос шудам, ки нисбати ман зиёд меҳрубон буданд. Падари ин хонадон духтур бошад ҳам, хеле шахси фарҳангӣ ва адабпарвар будаанд, писарашон китобхонаи хубе доштанд ва ман як ҳафтаи дар Душанбе будан, аз ин махзани адаб истифода кардам. Чун, аҳли ин хонавода англисиро хуб медонистанд, барои ман ҳеҷ мушкиле набуд. Ман ҳеҷ гумон надоштам, ки аз кишвари шумо ин қадар таассуроти олӣ мебардорам! Хаёл доштам, мисли дигар кишварҳои Осиёи Миёна аст, аммо ин ҷо дигар аст… Фарҳанги ин ҷо, мисли фарҳанги Эрон аст, ман ки ошиқи Эрон ҳастам ва ҳоло имконияти ба Эрон рафтан надорам ва он чизеро, ки дар бораи фарҳангу адабиёти форс мекофтам, ин ҷо ёфтам.

Душанбе як шаҳри бошукўҳу зебост! Дар ин ҷо, дар қатори биноҳои баландошёнаи аврупоӣ, боз биноҳоеро дидам, ки хеле зебо ва бо завқи баланди миллӣ сохта шудаанд. Кохи Наврўз барои ман зиёд писанд омад, ки ҳамтояшро дар ҳеҷ ҷойе надидаам. Китобхонаи миллӣ низ хеле зебост, ки тарҳаш ба китоби кушода монанд аст. Бояд бигўям, ки ман назири онро дар ҳеҷ куҷо надидаам! Ман аксҳои зиёде гирифтааму роликҳо низ сабт кардаам ва онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузорам, бигузор дигарон низ аз ин зебоиҳо лаззат бубаранд.

- Дар бораи хӯрокҳои миллии тоҷикӣ чӣ гуфтаниед?

- Хўрокҳои миллии тоҷикӣ, ки маззаву лаззати ба худ хос доранд, ба ман бағоят писанд омад. Хўрок танҳо барои сер кардани шикам ва ором кардани нафс нест, хўрок бояд даво бошад ва ҳамин ҳикматро ман дар хўрокҳои тоҷикӣ дидам.

Бояд зикр кард, ки Фаронса дар омода кардани хӯрокаҳо ва умуман матбахи Фаронса ва фарҳанги муносибат ба таъом дар ҷаҳон яке аз намунаву писандидатарин маҳсуб меёбад. Мардуми Фаронса хӯрокаву таоми миллӣ ва дастӣ омодашуда, бо маҳсулоти деҳқониро хеле баланд қадр карда, афзалият медиҳанд. Аз ин рӯ, ба ман таоми тоҷикӣ ва тарзи табиӣ, аз маҳсулоти тару тоза омода кардаи бонувони тоҷик хеле хушоянд буд. Кадбонуҳои шумо дар хўрокҳои миллӣ аз сабзавоту кабудиҳо ва донагиҳо фаровон истифода мебаранд, аз сабзаҷоту кабудиҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, ки тайёр мешаванд, ниҳоят маззаи аҷибу нотакрор доранд. Ман тайёр кардани чанд навъ хўрок ва шириниҳоро дар дафтарам сабт кардам ва кӯшиш мекунам, худам тайёр кунам.

- Боз чӣ ният доред?

- Нақшаи ман сафар ба Бадахшон аст, мехоҳам аз ин мавзеи дилрабо, кўҳҳои сар ба фалак кашидааш дидан кунам. Агар вақту умр имкон диҳад, мехоҳам ҳама гўшаҳои ин диёри зебоманзар, ватани инсонҳои хушқалбу меҳмондўст ва накўкорро тамошо кунам.

Суҳбаторо: Лолаи САИДАКБАР

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД