Дирӯз, 29-уми январ дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав машварати васеи байниидоравӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират баргузор гардид.
Иштирокчиёни чорабинӣ оид ба масъалаи муҳими муҳоҷиратӣ, аз ҷумла қонунигардонии будубоши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки номашон ба феҳристи шахсони назоратшаванда афтодааст, муоинаи тиббии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, бекор кардани манъи вуруди шахсоне, ки барои ҳуқуқвайронкуниҳои ночиз “депортатсия” карда шудаанд, табодули назар намуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи имзои Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни ҳукуматҳои ду кишвар дар бораи ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Тоҷикистон барои фаъолияти муваққатии меҳнатӣ ба Федератсияи Россия ва омодасозии касбии муҳоҷирони меҳнатиро аз рӯи ихтисосҳое, ки дар бозори меҳнати Русия имрӯз талабот ба онҳо зиёд аст, баррасӣ намуданд.