Дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки лифтсозӣ бунёд карда мешавад. Ин масъала зимни мулоқоти муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо намояндагони ширкати эронии «Behran Lift» мавриди муҳокима қарор гирифтааст.
Ҷонибҳо масъалаи маблағгузориро барои бунёди корхонаи муштараки лифтсозӣ баррасӣ намудаанд. Намояндагони ширкати «Behran Lift» омодагии худро барои ҳамкорӣ дар бунёди ин кохона изҳор доштаанд.
“Behran Lift» бо сохтани лифт ва эсклаторҳо машғул мебошад. Дар сурати бунёд ёфтани корхонаи муштараки лифтсозии Тоҷикистон ва Эрон дар баробари қонеъ намудани эҳтиёҷоти Тоҷикистон маҳсулоти ин корхона ба дигар кишварҳо низ ба фурӯш бароварда мешавад.