Раиси Хадамоти алоқа Исфандиёри Саъдулло зимни нишасти матбуотӣ сабаби паст будани суръати интернетро дар Тоҷикистон шаҳр дода, гуфт, ки яке аз омилҳои асосии сифати пасти интернети мобилӣ зиёдшавии талабот мебошад. Ба қавли роҳбари хадамоти алоқа, дар 5 соли охир дар ҷумҳурӣ талабот ба интернет 10 баробар зиёд шуда, аз 3 Гбайт ба 30 Гбайт расидааст ва ин ҳолат дар истгоҳҳои базавӣ сарбориро ба бор меорад.
Бо мақсади ҳалли ин мушкилот Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Аз ҷумла нақшаи насби пойгоҳҳои насли панҷуми интернет барои солҳои 2026-2030 тасдиқ шуда, дар доираи ин барнома дар 65 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 5G дастрас хоҳад гашт.
Фарогирии аҳолӣ бо 5G давра ба давра сурат мегирад. Аз ҷумла то охири соли 2026 на камтар аз 15%, соли 2027 ҳудуди 35%,соли 2028 беш аз 50%, соли 2027 аллакай 75% ва соли 2030 бошад, аҳолӣ 100% ба 5G дастрасӣ пайдо мекунанд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ 84 пойгоҳи 5G фаъолият мекунанд, ки 77 тоаш дар шаҳри Душанбе, яктогӣ дар шаҳрҳои Роғун ва Хоруғ, дуто дар Бохтар ва 3 пойгоҳ дар Хуҷанд ҷойгир шудааст.