Тоҷикистон - кишвари одамони хайрхоҳ
183

Тибқи гузориши ҷаҳонии World Happiness Report 2025, ки аз ҷониби Маркази некӯаҳволии Оксфорд, Gallup ва шабакаи рушди устувори СММ таҳия шудааст, Тоҷикистон аз лиҳози шумораи ихтиёриён дар байни 140 кишвари ҷаҳон дар мақоми 4-ум қарор дорад.

Ҳарчанд аз лиҳози некӯаҳволӣ кишвари мо дар зинаи 90 қарор дошта бошад ҳам, аз рӯйи таъдоди ихтиёриён ҷойи 4-умро ишғол намуданаш меҳрубон ва ғамхори дигарон будани халқи тоҷикро бори дигар собит месозад.

Коршиносон қайд кардаанд, ки тоҷикон аз кумак хостан аз дигарон дида, бештар худашон ба дигарон кумак мерасонанд. Ин аз то кунун побарҷо будани анъанаҳои қадимаи кумаки беғаразона ба ҳамдигар дар дохили оила, маҳалла ва ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.

Сарфи назар аз захираҳои маҳдуди иқтисодӣ кишвари мо ба сархати рейтингҳои ҷаҳонӣ ворид шудааст, ки ин боиси ифтихор буда, аз устувории арзишҳои ахлоқию фарҳангӣ дар ҷомеа ва бунёди зиндагӣ дар асоси принсипи «як кас барои ҳама» гувоҳӣ медиҳад.

Кишварҳои ҳамсояамон Ӯзбекистон дар зинаи 53, Қирғизистон дар зинаи 75-ум ва Қазоқистон дар зинаи 43 қарор дошта, дар маҷмуъ кишварҳои Осиёи Марказӣ сатҳи баланди эътимод ва ҳамбастагиро нишон додаанд. Муҳаққиқон ин минтақаро ҳамчун "иқлими гарми иҷтимоӣ" тавсиф мекунанд, ки дар он одамият ва меҳрубонии инсонӣ дигар камбудиҳоро ҷуброн менамояд.

Дар сархати ин рӯйхат Финляндия, Дания ва Шветсия қарор дошта, Афғонистон, Яман ва Судан зинаҳои охиринро ишғол кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД