goodwell
Тоҷикистон филми як коргардони эрониро ба ҷоизаи Оскар пешбарӣ кард
11.10.2026
Oila.tj
29

 

Филми коргардони эронӣ Шаҳроми Мокрӣ “Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” аз ҷониби Тоҷикистон ба ҷоизаи бонуфузи синамоии “Оскар” пешбарӣ шуд. Дар ин бора чандин расонаи байналмилалӣ хабар додаанд.

Бино ба иттилои нашршуда драмаи детективии дар Тоҷикистон наворгиришуда “се қиссаи аз ҳам ҷудоро бозгӯ мекунад, ки дар як моҷарои асроромезе ба ҳам мепайванданд”. Ин филм аз номи Тоҷикистон ба қазовати озмуни синамогарни амрикоӣ фиристода шудааст. То имрӯз ин филм ҷоизаи Vision Asian Award-ро дар ҷашнвораи байналмилали Пусан бурда, инчунин қарор аст дар ҷашнвораҳои синамоии Лондон ва Чикаго ба намоиш гузошта шавад.

Қиссаи филм чунин аст, ки вақти наворгирии филме силоҳсозе дарк мекунад, ки аслиҳа сохта не, ҳақиқӣ аст. Як ҳунарпеша омада талаб мекунад, ки ба ӯ нақше бидиҳанд. Ва як қурбонии садамаи нақлиётӣ шабҳа мекунад, ки шояд ҳодисаи бо ӯ рухдода як кори махсус ташкилшуда аст. Дар ниҳоят ин се моҷарои гуногун дар як пайванди асроромезе ба ҳам мепечанд.

“Харгӯши сиёҳ, харгӯши сафед” филми чоруми калонҳаҷми Мокрӣ аст. Филмҳои гузаштаи ӯ “Моҳӣ ва гурба” (2013), «Ҳуҷум» (2017), «Ҷинояти бедиққат» (2020) дар ҷашнвораҳои мухталифи ҷаҳонӣ намоиш дода шудаанд. Филми охиран барандаи ҷоизаи ҷашнвораи Чикаго шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД