Мувофиқ ба иттилои портали Сoronavirus-monitor то имрӯз миқдори сироятшудагони вируси нави корона дар тамоми ҷаҳон аз ним миллион нафар беш тараст.
Дар маҷмӯъ аз 534 500 нафар сироятёфагон (беш аз 37 762 нафар дар як шабонарӯз), 119 951 нафар шифо ёфтанд (беш аз 6 498 нафар дар як шабонарӯз). Дар ин миён 24 186 (беш аз 1892) вафот карданд.
Аз ҷиҳати шумораи сироятшудагон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷойи аввал меистад (бо омори 85 327, беш аз 16 309 дар як шабонарӯз), дар мақоми дуюм Хитой (81 405 нафар ва дар як шабонарӯз бе ягон тағйирот) ва дар ҷойи 3-юм Италия (80 539, беш аз 6 153 дар як шабонарӯз) меистад.
Дар робита ба қазияи таҳдиди вируси нав аз як ҳафта боз шаҳрвандони Тоҷикистонро аз тамоми гӯшаҳои дунё оварда истодаанд. Тибқи иттилои мазкур то имрӯз беш аз 3500 нафар дар карантин қарор доранд. Аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар тамоми чораҳои зарурӣ ҷиҳати дар карантин нигоҳ доштани шаҳрвандон роҳандозӣ шуда истодааст. Аз ҷумла, дирӯз таҳти роҳбарии муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Саида Умарзода ҷаласаи навбатии Ситоди вазорат оид ба пешгирии сирояти коронавирус ва ҷиҳати боз ҳам андешидани чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирии интиқоли сирояти мазкур ба мамлакат баргузор гардид.
Духтар аз Туркия коронавирус оварду...
Зимни ҷаласа масъалаҳои омодагии муассисаҳои тандурустӣ ба ҳолати эҳтимолии хуруҷи коронавирус, аз ҷумла бистарӣ ва табобат намудани сироятёфтагон дар ҳолатҳои ба қайд гирифтани сирояти мазкур, таъмини шӯъбаҳои эҳё бо таҷҳизоти зарурӣ, муносибат бо нафарони сироятёфта, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо мавод ва таҷҳизот барои пешгирии коронавирус, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисони тиб дар ҳолати эълон шудани карантин дар миқёси ҷумҳурӣ, саҳми табибони оилавӣ дар ин ҳолат ва дигар масъалаҳои вобаста ба сиҳатии омма мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар баробари ин, муовини якуми вазир супориш дод, ки дар ҳолати эълон гардидани карантин дар ҷумҳурӣ бояд гурӯҳи волонтёрон таъсис дода шуда, дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Бояд гуфт, ки 25 марти соли 2020 аз ҷониби Хадамоти федералии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони Россия-“Роспотребнадзор” ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муайян намудани коронавирус 20 ҳазор тестҳои оҷилӣ ҷудо шудааст.