toyota motors
Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо ҷойи дуюмро ишғол кард
59

Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо, ки аз 16 то 18-уми апрели соли равон дар шаҳри Ордаси Чин бо иштироки 197 нафар варзишгарон аз 19 кишвари олам баргузор гашт, 2 медали тило, 2 нуқра ва 1 медали биринҷӣ ба даст оврада, ҷойи дуюмро ишғол кард.

Дар ин мусобиқаи бонуфузи байналмилалӣ кишвари моро 13 нафар паҳлавонон муаррифӣ намуданд, ки 9 нафарашон мардон ва 4 нафари дигар занон буданд. Паҳлавонони тоҷик Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг ва Муҳиддин Асадуллоев дар вазни то 73 кг ба гирифтани медали тило шарафёб гаштанд. Барои паҳлавонони тоҷик ин аввалин медалҳои тило аз қаҳрамонии Осиё буд, ки 7 сол пас аз Комроншоҳи Устопириён ба даст оварданд.

Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг ва Обид Ҷебов дар вазни то 66 кг соҳиби медалҳои нуқра гаштанд.

Паҳлавондухтари тоҷик Мадина Қурбонзода дар вазни то 52 кг медали биринҷиро соҳиб шуд, ки беҳтарин натиҷа миёни бонувон ба ҳисоб меравад.

Ҳамин тавр, варзишгарони тоҷик аз Чемпионати Осиё оид ба ҷудо бо 5 медал - 2 тило, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба ватан бармегарданд.

Ҷойи аввалро дар чемпионат Муғулистон бо се медали тило, як нуқра ва як биринҷӣ соҳиб гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД