Тоҷикистон ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳхат гирифт.
Шогирдони Рустам Хоҷаев дар бозии охирини марҳилаи интихобӣ бар дастаи Урдун бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуданд.
Голи ягонаи вохӯриро ҳимоятгар Муҳаммадҷон Исҳоқов дар дақиқаи 55-ум ба ҳадаф расонд.
Бо ин ғалаба мунтахаби Тоҷикистон 6 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи худ, роҳхат ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027-ро ба даст овард.