Тоҷикистон ба аҳолии Ғазза хӯрокворӣ,
хаймаҳо ва либоси гарм фиристод
Корвони башардӯстонаи иборат аз 6 мошини боркаш бо хӯрокворӣ, либосҳои гарм, хаймаҳо, плёнкаҳои обногузар ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал тавассути гузаргоҳи марзии Рафаҳ дар марзи Миср ва Фаластин ба Ғазза ворид гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии кишвар хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки моҳи январ низ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми осебдидаи Ғазза 200- тонна орди аълосифат фиристонда буд.