1xbet
Тоҷикистон 20 сол аз “Роғун” ба Ӯзбекистон барқ медиҳад
129

Ҳукумати Тоҷикистон қароре қабул кард, ки тибқи он лоиҳаи Созишнома бо Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи электроэнергетика ба имзо мерасад. Дар асоси он интиқоли неруи барқ аз неругоҳи барқи обии “Роғун” ба Ӯзбекистон ба роҳ монда мешавад.

Дар санаде, ки дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлия нашр шудааст, нархи ҳар киловатт-соат неруи барқ барои Ӯзбекистон 3,4 сенти ИМА муқаррар гардида, он аз соли дуюми интиқол ҳамасола 1% зиёд карда мешавад.

Интиқоли барқ аз НБО “Роғун” тибқи ҷадвали мувофиқашуда ва асосан дар соатҳои камбуди иқтидор дар системаи энергетикии Ӯзбекистон анҷом дода мешавад.

Дар марҳилаи сохтмони неругоҳ интиқоли барқ танҳо дар мавсими обёрӣ (аз 1-уми апрел то 30-юми сентябр) сурат мегирад. Аммо пас аз ба кор даромадани иқтидори пурраи “Роғун”, интиқол ба таври мунтазам ва дар тамоми сол идома меёбад.

Созишномаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон пас аз анҷоми расмиёти дохилии давлатӣ ба муҳлати 20 сол ба имзо мерасад ва дар сурати мухолифат накардани ягон тараф, ба таври худкор барои 10 соли дигар тамдид мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД