Рӯзи 6 октябри соли равон дар Маркази таълимии “Сириус”-и шаҳри Сочии Русия ҳафтаи ниҳоии Олимпиадаи III байналмилалӣ оид ба амнияти молиявӣ ба анҷом расид.
Бино ба иттилои Сафорати Русия дар Тоҷикистон, барномаи чорабинии мазкур маъракаҳои маърифатӣ, фарҳангӣ ва варзиширо дарбар гирифта, зимни он мулоқот бо коршиносони даъватшуда, дарсҳои омӯзишӣ ва таҷрибаҳои амалӣ, муҳокимаҳои мавзуъҳои ихтисосӣ, сафарҳои омӯзишӣ, иштирок дар бозори ҷойҳои корӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ сурат гирифт.
“Дар натиҷаи озмун 24 нафар толибилм аз Русия ва 105 нафар донишҷӯ (71 нафар аз Русия, 34 нафар аз кишварҳои хориҷӣ) ғолиб ва ҷоизадори Олимпиадаи III байналмилалии амнияти молиявӣ гардиданд”, - навиштааст манбаъ.
Бояд гуфт, ки дар миёни ғолибон донишҷӯи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон Мадина Ҷӯраева низ буд, ки бо дипломи дараҷаи II ва медал мукофотонида шуд.
Гуфта мешавад, ки яке аз рӯйдодҳои марказии Олимпиада ҷаласаи “Суҳбат бо шартҳои баробар” буд, ки дар ҷараёни он президенти Русия Владимир Путин шахсан бо иштирокдорони даври ниҳоии озмуни мазкур мулоқот кард.