sebiston july new
ТОҶИКДУХТАР ДАР МУЛКИ РУС КОРОНАВИРУСРО ШИКАСТ!
2356

 

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонро паҳншавии бемории коронавирус ба таҳлука овардааст, зеро он бемориест, ки баъди риоя накардан ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ ба одам сироят мекунад.

Барои иттилои бештари хонандагон оид ба ин беморӣ ва роҳҳои пешгирии он, бо Гулшан Меликова, як шаҳрванди Тоҷикистон, ки солҳои зиёд боз дар Русия кор ва фаъолият мекунаду дар он ҷо ба ин беморӣ гирифтор шуда, шифо ёфтааст, суҳбат кардем.

Меликова Гулшан Иззатовна, зодаи деҳаи Навбаҳори ноҳияи Файзобод буда, тӯли 11 сол дар ноҳияи Некрасовкаи шаҳри Москва ба ҳайси мутахассиси техникаи санитарӣ кор мекунад. Инак фишурда суҳбатамонро пешкашатон менамоем.

 

- Гулшан салом. Мегуфтед, ки кай ва чӣ гуна аз ин вирус сироят шудед?

- Ман аз 15 январ ба беморие чун зуком гирифтор шудам. Аммо намедонистам, ки он коронавирус аст ва барои ҳамин ба он аҳамият надодам. Вақте вазъи саломатиам хеле бад шуду аз роҳ рафтан мондам, ба ёрии таъҷилӣ занг задам. Духтурон омада, маро ба беморхонаи ба номи Филатов бурданд. Дар он ҷо моро ташхис карданд ва давоми 10 рӯз бистарӣ карданд.

- Тобобат фоида кард?

Бале, баъд аз табобат шифо ёфтам.

- Чӣ қадар пул сарф шуд?

- Дар аввал табобати мо бепул буд. Аммо баъд аз 10 рӯз табибон гуфтанд, ки бояд табобатамро пулакӣ давом диҳам, зеро захираи доруҳои беморхона тамом шуда буд. Давоми 4 рӯз ман 90 000 рубли русӣ сарф кардам.

- Баъди ҷавоб шудан табобатро идома додед ё пурра шифо ёфта, баромада будед?

- Баъд аз 4 рӯзи аз беморхона баромадан, маошамро гирифтаму дубора ба ёрии таъҷилӣ занг задам. Онҳо омада, ин навбат маро ба беморхонаи рақами 8 - и ба номи Демиховаи шаҳри Москав оварданду дар таваллудхона ҷой доданд. Аммо ҳамон бегоҳ ташхис супоридам, ки натиҷааш тоза баромад ва маро ба хонаамон ҷавоб доданд.

- Ҳамин тавр, саломатиатон беҳтар шуд?

- Не, вақте ба хона омадам, пас аз чанд рӯз вазъи саломатиам вазнинтар шуд. Боз ба ёрии таъҷилӣ занг задам ва маро боз ба беморхонаи ба номи Филатов бурданд. Дар ин ҷо ду бор ташхис супоридам. Ҷавоби тестам коронавирус баромад.

- Яъне, такроран бо вирус сироят шудед?

- Бори аввал бемории маро пневмония гуфта буданд, аммо маротибаи дуюм коронавирус. Духтурон тавсия доданд, ки ин навбат дар хона боят табобат гирам ва дар карантин бошам.

- Карантинатон чанд рӯз давом кард?

- Дар хона 27 рӯз табобат гирифтам. Пас аз табобат боз тест супоридам. Ин навбат ташхисам тоза баромад, яъне ман ба каранавирус ғолиб омадаму аз он шифо ёфтам.

- Табобат дар беморхонаҳои Русия чӣ гуна буд? Духтурон чӣ хел муносибат доштанд бо шумо?

- Тӯли 10 рӯзе, ки ман дар беморхонаи ба номи Филатов табобат гирифтам, муносибати табибон ва тарзи табобаташон беҳтарин буд. Онҳо маро табобати бепул карданд. Беморхонаашон тоза буда, шароити хуб дошт. Вақте захираи доруҳояшон тамом шуд, боз 4 рӯзи дигар пулакӣ табобат гирифтам. Дар маҷмуъ чанд боре, ки бистарӣ шудам, ҳам дар ин беморхонаву ҳам дар беморхонаҳои дигар, муносибати онҳо бо мо беҳтарин буд. Ҳам ҳамватанони худашону ҳам мо муҳоҷиронро як хел нигоҳубин мекарданд.

- Оё дар беморхона ҳамроҳатон касе аз ҳамватанон буд?

- Не, ҳамроҳи ман аслан худи русҳо хоб буданд. Ягон тоҷик ё намояндаи дигар миллатро надидам.

- Ҳангоми табобат дар хона табибони оилавӣ ба хонаатон меомаданд?

- Не ягон бор наомаданд. Танҳо рӯйхати доруҳоро бароям доданд.

- Баъд кӣ дар хона нигоҳубинатон мекард?

- Нигоҳубину табобатамро як нафар узбекзане, ки дар хонаам ба ҳайси фаррош кор мекарду Лола ном дошт ва худаш аслан ҳамшираи шафқат буд, уҳда мекард.

- Дар давраи беморӣ бо хонаводаатон тамос доштед? Онҳо медонистанд?

- Ҳангоми дар беморхона хоб карданам, дар ватан касе овоза кардааст, ки гӯё ман аз ин беморӣ мурда бошам. Вале шукри Худованд, ки ман зиндааму саломатиам хуб аст. Хонаводаамон сахт тарсиданду шабу рӯз дар алоқа будем. Шукр, ки бо дуои дӯстон шифо ёфтам.

- Кадом даворо сабаби асосии шифо ёфтанатон медонед?

- Пеш аз ҳама нотарсиро. Агар оадм тарсад, ба ҳамаи бемориҳо гирифтор мешавад. Бемории ман агарчӣ сахт буд, аммо анметарсиаму ҳамеша ба сиҳатшавиам боварӣ доштам ва ниҳоят шифо ёфтам.

- Ба хонандаи ҳафтаномаи “Оила” чӣ тавсия доданиед? Барои гирифтор нашудан ба ин вирус бояд чӣ кор кунанд?

- Пеш аз ҳама ниқоб пӯшанд ва қоидаҳои гигиениро риоя кунанд. Як муддат ба меҳмонӣ нараванд ва дар як ҷо чанд кас ҷамъ нашаванд. Вирус ба наздикӣ кишвари моро тарк мекунад. Боварӣ дорам. Ана баъд озод мегарданд.

- Ташаккур ба Шумо! Худатонро эҳтиёт кунед!

- Раҳмат! Шумо ҳам худатонро эҳтиёт кунед ва саломи маро ба аҳли қалами ин нашрияи дӯстдоштаам расонед.

- Ҳатман! Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД