Formula novemver 2024
Тоҷикбача кӯдаки русро наҷот доду худаш ҳалок шуд
4227

 Ҳоҷимурод Қаландаров, ҷавони 18-солаи тоҷик ҳангоми наҷоти ҷони кӯдаке, ки қариб буд дар дарё ғарқ мешуд, ба ҳалокаит расид. Дар ин бора сомонаи Bash.news хабар додааст.

Дар матни хабари ин сомона гуфта шудааст, ки Ҳоҷимурод рӯзи 7 июн ҳамроҳи дӯстонаш барои истироҳат ба соҳили дарёи Белая рафтааст. Ҳангоми истироҳати онҳо Ҳоҷимурод мебинад, ки кӯдаке дар дарё ғарқ шуда истодааст. Ӯ фавран худро ба об андохта, кӯдакро ба ба соҳил тела дода, аз марг мераҳонад, аммо мавҷҳои пуртуғёни дарё худи ӯро ба поён кашида, оқибат ба ҳалокат расонд. Ҷасади ин ҷавони тоҷик баъди чанд соати маргаш аз соҳил берун оварда шуд.

Ҳоҷимурод барои таҳсил ба шаҳри Уфаи Бошқирдистон омада буд. Ӯ донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии ин кишвар буда, имсол курси якуми таҳсили худро тамом кард. Ба гуфти як манбаъ баъди ба об даромадани Ҳоҷимурод дӯстонаш, аз ҷумла бародараш Самиҷон Ризвонов хабардор нашуданд, ки ӯ куҷо шуд? Фақат баъди чанд муддат онҳо ҷасади аллакай шохшудаи ӯро пайдо карданд.

Гуфта мешавад, ки ҷасади Ҳоҷимурод Қаландаровро рӯзҳои наздик бо парвози махсус ба Тоҷикистон мефиристанд, вале санаи ин навъи парвоз аз Русия ба Тоҷикистон то ҳанӯз маълум нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД