“Тоҷик Эйр” қарзҳояшро пардохт кардааст
10.01.2026
Oila.tj
96

Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ширкати “Тоҷик Эйр” дар соли 2026 метавонад парвозҳои байналмилалиро бидуни ягон монеа анҷом диҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар соли 2025 ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба баҳси тӯлонӣ бо ширкати литвагии UAB “Skyroad Leasing” хотима бахшидааст.

Ин нуктаро роҳбарияти Агентии авиатсияи гражданӣ дар ҷаласаи ҷамъбастии соли 2025 зикр кардааст: “Қарзи Ҷамъият дар назди ин ширкат ба маблағи 36,6 млнд доллар пурра бартараф карда шуд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД