Дар шаҳри Бомбейи Ҳиндустон рӯзи 9-март озмуни бонуфузи “Зебосанами ҷаҳон” баргузор гашт. Дар озмун имсол 115 нафар занону духтарони фариштарӯй аз кишварҳои гуногуни олам иштирок намуда, барои ба даст овардани тоҷи заррин ва унвони ифтихории “Мисс-мира” мубориза бурданд...
Озмуни байналмилалии “Мисс-мира”яке аз бонуфузтарин озмунҳо дар соҳаи мӯд ва зебоӣ ба шумор рафта, бонуи хушбахте, ки ғолибият ба даст меорад, зеботарин зани дунё эътироф карда мешавад. Имсол ин бахт насиби Кристина Пышкова аз Чехия гашта, бонуи чех соҳиби тоҷи тиллоӣ ва унвони “Мисс-мира-2023” гашт.
Кристана тавонист бо ҳусну ҷамоли худодод ва ақлу заковаташ аз 114 нафар духтарони паричеҳраро, ки кишварҳои гуногуни оламро дар ин озмун муаррифӣ менамуданд, пеш гузашта, ғолибият ба даст оварад.
Кристина Пышкова 24 сола буда, 71-умин зани хушбахте мебошад, ки соҳиби тоҷ ва унвони “Мисс-мира” гаштааст.
Ба иттилоъи расонаҳои русӣ озмуни мазкур бояд дар арафаи соли нави мелодӣ, яъне моҳи декабр баргузор мешуд, вале онро қафо партофта, ба моҳи март гузоштанд, аз ҳамин сабаб Кристана Пышкова соҳиби унвони Мисс-мира-2023” гаштааст. Қабл аз вай зебосанами поляк Каролина Белявска ин унвонро ба даст оварда буд ва рӯзи 9- март дар шаҳри Бомбейи Ҳиндустон маҳз ӯ тоҷи ғолибиятро ба сари Кристина Пышкова гузошт.
Кристина дар шаҳри Прага зиндагӣ мекунад. Ин паричеҳра дорои ду дараҷаи илмӣ буда, бар замми ин, бо фаъолияти волонтерӣ машғул аст ва ҳамзамон ба сифати модел дар як агентии байналхалқии мӯд кор мекунад.
Ба ҷавониаш нигоҳ накарда, Пышкова аллакай ба муваффақиятҳои зиёде ноил гаштааст. Вай фонди махсуси худро дорад, ҳамчунин дар Танзания барои фарзандони оилаҳои камбизоат мактаби англисӣ кушодааст.
Тоҷи “Мисс-мира” зиёда аз 100 доллари амрикоӣ арзиш дошта, маҳсули ширкати японии Mikimoto мебошад. Рамзи марказии он- курраи замин бо 6 шохча оро дода шудааст, ки аз тиллои сафед сохта шудаанд. Ҳар як шохча як қитъаи заминро инъикос мекунад. Шохчаҳо бо сангҳои қиматбаҳо, марворидҳои асил ва бриллиант оро дода шудаанд.