Салом! Ман модари 3 фарзанд ҳастам. Писарчаи дуюмам нуқсони модарзодии дил дорад. Бояд дилашро ҷарроҳӣ мекардем, вале айни замон барои ин амал имконияти иқтисодӣ надорем. Аз бозе, ки ҳаво гарм шудааст, писаракам беҳолу бемадор ба назар мерасад. Падараш мехоҳад ӯро ба ягон толори варзишӣ барад, то машқ карда, пурқувват шавад, вале ман дар ташвиш ҳастам, ки мабодо ба ҷойи фоида зарар накунад. Шумо чӣ тавсия медиҳед?
МАВЗУНА, аз ноҳияи Рӯдакӣ
Посух:
- Дар айёми гармо таппиши дили кӯдакон зиёд мешавад. Ҳавои тасфон махсусан ба кӯдакону наврасоне, ки дилашон ягон иллат дорад, таъсири ногувор мерасонад. Аз ҳамин хотир дар фасли тобистон кӯдаконро ба анҷом додани корҳои вазнини ҷисмонӣ ва машқҳои душвор водор намудан лозим нест. Машқҳои душвори ҷисмонӣ дар ҳавои гарм боиси авҷ гирифтани бемории дил ва рагҳои хунгарди он гашта метавонад, бинобар ин, мо ба шумо тавсия медиҳам, ки пеш аз ба ягон толори варзишӣ бурдан писаратонро аввал ба табиби амрози дил нишон диҳед. Пабиб ташхисҳои заруриро анҷом дода, баъдан ба хулоса меояд, ки кӯдакро ба толори варзишӣ бурдан лозим ҳаст ё не ва маҳз бо кадом намуди варзиш бояд машғул шавад.
Боз як чизи дигарро низ хотиррасон карданием. Ба хотири пешгирии мушкилоти дил ва рагҳои хунгарди он дар тобистон ба фарзандони худ хӯрокҳои серравған надиҳед. Фаромӯш накунед, ки кӯдакон бояд дар тобистон ҳарчӣ бештар об нӯшанд. Вақте ба сайругашт ё оббозӣ меравед, ҳатман ба сари кӯдакон кулоҳ пӯшонед.