arzon replenishment
ТО ПАДАРАТ НАМУРАД, БА ХОНААТОН НАМЕРАВАМ!
25.04.2021
Оила
3596

 

 

Бо шавҳарам якдигарро дӯст дошта, оила бунёд намудем. Соҳиби се фарзанди дӯстрӯ ҳастем. Шавҳарам корхонаи шахсӣ дораду бо тиҷорат машғул аст. Азбаски хусуру хушдоманам дигар писар надоранд, ману шавҳарам умре бояд падару модарашро нигоҳубин намоем.

Фарух ҷавони оромтабиат, падараш бошад, марди асабониву зудранҷ ва хӯрдагир аст. Хушдоманам ба корҳоям дахолат намекунанд, вале хусурам ба ҳама кор бинӣ халонда ҷонамро ба лабам мерасонад. Шавҳарам аз тарси падараш ба ману бачаҳоямон пинҳонӣ либос мехарад. Ҳар дафъае, ки дар хонаамон гӯшт тамом шавад, хусурам хонаро ба сараш мебардорад. Гӯё ман гӯштро сарфа намекунам. Чанд маротиба аз пушти дар ғайбаткунии хусурамро шунида, бо шавҳарам даст ба гиребон шудам, вале шӯйи латтаи ман чизе намегӯяд. Кӯдаконам дар хонаи худашон бемалол гашта наметавонанд, дар сари ҳар қадам доду войи бобояшон баланд шуда, асабамро вайрон месозад. Худо накарда шавҳарам маро ба ягон ҷо меҳмонӣ ё мағозаву бозор барад, қиёмат қоим мешавад. Хусурам писарашро занкалон номида ҷонбезор мекунад. Рӯзи дароз аз пайи ободонии хонаи калони онҳо саг барин медавам, вале хусуру хушдоманам маро дар ҳама ҷо танбалу коргурез гуфта овоза кардаанд.

Рӯзе шавҳарам як гӯсфандро кушта нони худоӣ дод. Меҳмонон зиёд буданд, хӯроки бисёр пухтам. Пагоҳаш хусурам ба ошхона даромада воҳима бардошт, ки гӯё ман гӯштро ба хонаи модарам фиристода бошам. Аз ин туҳмати марди сарсафед хун дар рагҳоям ях баста кӯдаконамро гирифта ба хонаи модарам омадам. Фарух фарзандонашро аз ҷонаш бештар дӯст медорад, аз ин лиҳоз дар як рӯз се маротиба ба хонаамон омада, мехоҳад маро бубарад, лекин ман қасам хӯрдаам, ки ба он ғурбатхона дигар поямро намегузорам.
Парвина

Аз нақли Фаррух:
Занам пулмаст шудааст
Парвина падари маро гунаҳкор карда, айби худашро намебинад. Дар ҳақиқат занам аз уҳдаи сарфа кардани хӯрока намебарояд. Ду кило гӯштро ду бор хӯрок мепазаду «гӯшт нест, чӣ пазам» гуфта мешинад. Оилаҳоеро медонам, ки бечораҳо гӯштро дар шаби хобашон мебинанд, ҳамсари ман бошад аз хонаи серу пури мо ношукрӣ мекунад. Парвина дар хонаи падараш чунин зиндагии шоҳонаро надида буд, вале аз худ шоҳдухтар тарошида аз боми баланд гап мезанад. Падарам беморанд, баъди ҷарроҳии ҷигар асабашон заифтар гаштааст. Аз ҳамин сабаб ғавғои кӯдаконро намебардорад. Парвина магар падар надорад, ки падари маро ганда мекунад?! Синну соли падарам ба ҷое расидааст, бар замми ин, саломатияш хуб нест, шояд аз умраш рӯзҳои башумор боқӣ монда бошад. Одами пирро ранҷондан чӣ лозим?!

Дар мавриди бозору мағозаравӣ бошад, ҳаминро мегӯям, ки Парвина як ҳафта ягон либоси нав нахарад, касал мешавад. Дили падарам ба ман месӯзад, барои ҳамин ҷанг мекунад. Ман ин духтарро ҳеҷ нафаҳмидам, тамоми шароиташ муҳайё, хостаашро барояш харида медиҳам, фарзандонамон беҳтарин либосҳоро мепӯшанду беҳтарин хӯрокро мехӯранд, аз чизе камбудӣ надоранд, боз чӣ мехоҳад? Ба гапи мӯйсафеди бемор диққат дода қаҳр карданаш нодуруст аст. Дар бораи танбалиаш бошад, худи ман чанд маротиба аз кор омада, Парвинаро дар хона хобу ҳавлиро бесоҳиб дидам. Рӯзе нест, ки занам худашро бемор вонамуд насозад. Аз духтурравию дорухарӣ ҷонам ба лабам расидааст. Парвина беҳуда ба асабам расида кӯдаконро хору зор накуну ба хона баргард!

Маслиҳати равоншинос:
Дар мушкилии ин оила ҳама аъзоёни хонавода гунаҳкоранд. Гуноҳи Парвина дар он аст, ки сарфа карда наметавонад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Исроф ҳаром аст». Муҳосиби оилавии ҳар як мард занаш аст, зани оқила бо сарфакорӣ шавҳарашро то мартабаҳои баланд мерасонад. Парвина шавҳарам пулдор аст гуфта, пулро ба шоха бод медодааст, ҳол он ки дар ин шабу рӯз масъалаи молиявии ҳар як оила душвор гаштааст. Фарух пулро аз шохи дарахт намечинад.

Дар мавриди падари Фаррух қайд бояд кард, ки нафарони калонсол андак инҷиқ мешаванд, ҳол он ки асаби падарарӯси Парвина баъди ҷарроҳӣ тамоман заиф гаштааст. Бо мӯйсафед сар ба сар шудан фоида надорад. Беҳтараш ҳама гапу кори дар хонаатон рухмедодаро дар назди мӯйсафед нагӯед. Ба шахси бемор асабӣ шудан лозим нест. Хӯрокашро дар вақташ пухта дар наздаш бо як чойник чой гузоред тамом.

Фаррух аз суханонатон бармеояд, ки шумо ҳама гапро ба рӯи занатон намегӯед. Эҳтимол дар назди волидонатон шиква ҳам мекунед. Беҳтараш тамоми камбудиҳояшро бо ҷангу ароз неву оромона ба завҷаатон фаҳмонда аз аспи ғурур фароред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД