Sebiston new 2024 october
То хона нахарӣ, ба хонаатон намеравам!
6229

Ман дар оилаамон яккадухтар ва эркаи падару модарам будам. Вақте падарам маро бо писари як хеши дураш фотиҳа кард, ба хотири бемор будани дадаам ба ин издивоҷ розигӣ додам. То рӯзи тӯй ду маротиба бо домод вохӯрдем. Шамшод ҷавони қоматбаланди зебое будааст.

Ман ҳам дар ҳусну ҷамол ягон камбудӣ надорам. Мо бо дуои неки волидонамон тӯйи хоксоронае барпо намуда оиладор шудем. Авсунҳои калониям аз аввал ба ман ҳама гапу кори дар хонаи хушдоманам то ба имрӯз рухдодаро як ба як гуфта доданд. Бо вуҷуди он ки ҳама аъзоёни оилаи калони хусуру хушдоманам дар идораҳои давлатӣ кор мекунанд, хонаву дарашон кайҳо боз бе таъмир ва бо ҷиҳози куҳна муҷаҳҳаз, хурду хӯрокашон низ фақирона будааст. Ба ҳамааш тоқат карда соҳиби ду фарзанд шудам. Хушдоманам чизҳои бомазаро пинҳон карда, ба набераҳои духтарияш медиҳад. Худо накарда фарзандони ман шакар ё ягон хӯрокро бисёртар хӯранд, чашмаш сих зада, хӯрокро заҳри баданашон мекунад. Қайсингилҳоям низ моҳи беайб нестанд, ба ҳар як кори хонаи мо дахолат карда, ҷонамро ба лабам мерасонанд. Аз ҷонам сер шуда кӯдаконамро гирифта ба хонаи падарам омадам. Шамшод ҳар рӯз ба хонаамон омада хоҳиш мекунад, ки ба хонаашон баргардам, вале ман дигар дар чунин хонадон зистан намехоҳам. Дар назди шавҳарам шарт гузоштам, ки ба Русия рафта пул кор кунаду хонаи алоҳида гирифта, баъд ману фарзандонамро барад. Волидонам аввалҳо насиҳат мекарданд, ки сабур бошам, вале акнун асаби харобгаштаи маро дида, дигар чизе намегӯянд. Вақте ба онҳо дар бораи рафтори хушдоману қайсингилҳоям нақл кардам, ҳайрон шуданд. Мо ҳам дар хона келин дорем, вале ба ӯ зулм намекунем. Янгаам бо кӯдаконаш хӯроки дилхоҳашро пухта мехӯрад. Аз чизе камбудӣ надорад. Ман қайсингил шуда боре бо қавоқи овезон ба сӯяш нигоҳ накардаам. Барои ҳамин ҳеҷ фаҳмида наметавонам, ки чаро модару апаҳои Шамшод бо ман чунин муносибат мекунанд. Ман дигар ба хонаи Шамшод баргаштанӣ нестам, то рӯзе, ки хонаи алоҳида нахарад.

Зарина


 Маро ба занӣ мегирӣ, бачаи амма?


Аз нақли Шамшод
Ман зану фарзанди мепартофтанӣ дорам, вале Зарина вақтҳои охир ба қавле «гузаронида» истодааст. Занам духтари бад нест, хонаву дарро тозаю озода нигоҳ медорад, хӯрокҳои бомаза мепазад, вале як айб дорад-гаправ аст. Дар бораи модарам ҳаминро гуфтан мехоҳам, ки ҳар як зани серфарзанд сарфа карданро дӯст медорад. Маоши имрӯзаи мо ба ҳама маълум, агар сарфа накунем, то охири моҳ ангушт макида мешинем. Ҳар як бибӣ набераҳояшро дӯст медорад. Шояд модарам ба хотири сарфа кардан кӯдакони маро сарзаниш карда бошанд, вале дар хонаи мо касе аз гуруснагӣ намурдааст. Шукри Худо, як пора нони ҳалол ёфта хӯрда истодаем.
Вақте аз апаҳоям сабаби сардмуомилагиашонро бо Зарина пурсон шудам, ҳардуяшон гуфтанд, ки Зарина дар назди авсунҳои калонӣ модару апаҳои маро ғайбат кардааст. Янгаҳоям мехоҳанд Заринаро бо апаҳоям ҷанг андозанд. Зарина бояд барқасди онҳо ба хонаамон баргашта бо қайсингилҳояш оштӣ шавад. Зарина мехоҳад, ки ман ба Маскав пулкоркунӣ равам, вале дар Русия дарахти пул намерӯяд, ки ман рафта, дарҳол аз шохаҳояш доллар чинаму омада хона харам. Барои зан шуда ман падару модари пирамро партофта рафтанӣ нестам. Зарина бояд ақлашро кор фармуда ба гапи ҳар кас гӯш накунад. Зарина, илтимос, ба хона баргард!

Маслиҳати равоншинос

Зарина шумо дар хонаи волидонатон эрка бошед ҳам, дигар аъзои он оила нестед. Хонаи шумо акнун хонаи шавҳаратон аст, аз ин хотир бояд ба пастиву баландиҳои зиндагӣ муросо намоед.
Хушдоман дар хона нақши асосиро мебозад. Модаршӯйи Зарина бояд ба ҳамаи набераҳояш бо як чашм нигарад. Ба духтаронаш имкон надиҳад, ки бо келин ҷангу ҷанҷол намоянд.
Шамшод, ба апаҳоятон фаҳмонед, ки ба завҷаи шумо дағалӣ накунанд.
Зарина, моҷароҳои зиндагиро бо шартгузорӣ не, бо мусолиҳа ҳал мекунанд. Ба ҷойи дар назди шавҳаратон шарт гузошта ба решаи бахти худ табар задан ба хонаи хушдоманатон баргашта бо хоҳаршӯй ва хушдоманатон оромона суҳбат намоед. Аз чӣ норозӣ буданатонро гуфта, хоҳиш кунед, ки минбаъд чунин рафтор накунанд.
Бо хабаркашиву ҷангандозӣ оилаатонро вайрон насозед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД