То оғози соли таҳсил ҳамагӣ 4 рӯз мондааст, вале муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Панҷ умуман ба соли нави хониш омода нест. Ин ҳолатҳои ногуворро дирӯз вазири маориф ва илми кишвар Раҳим Саидзода дар доираи сафар ба вилояти Хатлон ошкор намуд.
Гуфта мешавад, сабабгори ин ҳолат бепарвоию бемасъулиятии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳо, шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мебошанд.
“Деворҳои рехтаю фарсудаи мактаби №6, шишаҳои шикастаи тирезаҳо, рангубор нашудани фаршҳо, дар рӯйи фаршҳо “ба ҳоли зор” гузоштани китобҳои дарсӣ, вазъи ногувори майдончаҳои варзишию партовҳои зиёд дар саҳну атрофи муассиса гувоҳи он аст, ки на масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва на намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия боре аз муассисаи таълимии мазкур дидан накардаанд. Дар баробари ин, дар муассиса зиндагӣ намудани сокинон ба назар расид, ки хилофи меъёрҳои муайяншуда мебошад. Ҳол он ки муассисаи мазкур дар маркази ноҳия ҷойгир буда, яке аз калонтарин муассисаҳои таълимӣ ба ҳисоб меравад”, - навиштааст манбаъ.
Маркази матбуоти вазорат нигоштааст, ки тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти Вазорати маориф ва илм мебоист рӯзи 26 август дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 аксияи тозагӣ доир гардида, муассиса ба соли нави хониш пурра омода мегардид. Деворҳои рехтаю фарсуда, шишаҳои шикастаи тирезаҳо, рангубор нашудани фаршҳо, вазъи ногувори майдончаҳои варзишӣ дар саҳну атрофи муассиса гувоҳи он аст, ки на масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва на намояндагони шуъбаи маорифи ноҳия боре аз муассисаи таълимии мазкур дидан накардаанд.
Ҳамзамон, ҳар ду муассисаи таълимӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2023-2024” иҷро накардаанд ва муассисаҳо ба давраи зимистонгузаронӣ омода нестанд. Дар муассисаҳо на ҳолати шишабандӣ дуруст ба роҳ монда шудааст ва на ангишту ҳезум ва сӯзишворӣ ба таври зарурӣ захира гардидааст.
Вазири маориф ва илм дар охир ба директори муассисаҳо ва шахсони масъул дастур додааст, ки ҷиҳати зуд омода намудани муассиса ба соли нави хониш ва барои давраи тирамоҳу зимистонгузаронии соли таҳсили 2023-2024 чораҳои мушаххас андешанд.