Formula novemver 2024
То чиллаи кудак зан бояд намоз нахонад?
1071

 

Домуллои муҳтарам. Мегуфтед, ки зан баъд аз таваллуди фарзанд то чанд муддат бояд намоз нагузорад?

Мегӯянд, ки бояд то чил рўз намоз нахонд. Фаҳмидан мехостам, ки ин ҳатмӣ аст?

Ислом Азизов, н. Вахш

 

Посухи намояндаи Раёсати Фавтои ҶТ

Бародари азиз, зан пас аз таваллуди фарзанди нахустин то чил рўз дар ҳолати нифос қарор мегирад, аз ин рў, дар ин муддат бояд аз намоз гузоридан худдорӣ кунад. Пас аз таваллуди фарзанди дуюму сеюм зан дар нифос одати муайян пайдо мекунад, масалан, бист ё сӣ рӯз ё сию панҷ рўз нифос мебинаду бас. Дар ин ҳолат шарт нест, ки то чил рўз мунтазир шавад, балки пас аз тамом шудани рӯзҳои одаташ дар нифос бояд ғусл карда намоз гузорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД