Formula novemver 2024
ТӮҲМАТ
23.03.2021
ОТИФ
4453

Аслан дуст намедорам аз асрори хонаводагӣ ва муносибатҳои миёни худу шавҳар пеши касе бошам, хусусан рӯи сафҳаи сомона овардани тафсилоти рӯзгоре, ки намунаи ибрат не, миени дарёи пуртуғён умр мемонад, бароям хеле ногувор аст. Вале чӣ кунам, ки нохудои киштии хароби ман бехабар аз худост. Ғариб номидаву ғарибона неву беномусана кӯшиш менамояд, ки «Гулсанам» яъне маро шарманда созад.

Бехабар аз он, ки бо ин васила худро шармсори дигарону ба чашми мардум пасттарин ва лаънаткардаи Худо нишон додаву халос. Хеле мехоҳам, эй Ғариби кӯи шармандагӣ, ному насаб ва вазифаи дар ҷомеа доштаатра ошкоро нависам, вале шаш панчара, шаш фарзанд маро боз медорад, Намехоҳам фарзандонам миёни ҳамсинфону рафиқонашон шарм доранд. Ягона ҳақиқате, ки аз гуфтаҳои ту мувофиқ омадаст он аст, ки дар воқеъ аз солҳои аввали зиндагӣ (баъд аз тавлиди нахустин фарзандон, аз хислати бадтаринат: ғайбатчӣ будану ноқурматиат нисбати зан огаҳӣ ёфта) бо ту зиндагӣ кардам, бо умеди он ки ислоҳ мешавию мо хушбахт мешавам.

Ана ҳамон зани аввал нею дуюматро, ки дар ғайбатҳоят бисёр боло гузоштай, хамеша мисли зан ғайбат менамудӣ, паст мезадӣ. Мегуфтӣ, ки бо ӯ дар як ҷойгаҳ хоб кардан бароят даҳшат буд, чунки аз ў пайваста бӯйи бетабъи вишневский меомад. Он зани бадбахт хеле ифлосу чиркин буду бо ў зиндагӣ кардан нахости. Бефарзандӣ, барои ту баҳона буд. Вале ҳайронам, чаро мардона дар мавриди зани аввалаат, ки бо ҳазор умед бори нахуст паси чодари арӯсиро бо ту ҳамҷо диду ду фарзанди зебоеро бароят таваллуд кард, ёдовар намудӣ? Эй Худобехабар-охир дар ин дуне мардумро фанд медиҳӣ, вале дар он дуне назди Худованд инкори занеро карда метавонӣ, ки нахус тин бор бо ту никоҳ шуда буд.

Аз ҳамин ҷо кӣ будани ту магар пайдо нест?! Туро одат ва бемориест, ки занро ба туҳмат гирифттор созӣ, Наҷоти ту дар ин аст,агар чунин намебуд он бечораро низ бо ин айб бо ду фарзанд миёни роҳ намекарди, Ва нахустфарзанди ту аз фироқи падар дунёро тарк намегуфт. Ҳатто мурдаи писаратро он зани бадбахту аз ту ҷафокашида нишонат надод ва то кунун санги болои мазор сохтаи ту ҷояшро на ёфтааст. Чунки қабри фарзадатро ҳам намедонӣ. Фарзанди ҳаромӣ хондиву он занро гирифтори тӯҳмат намудӣ.

Боз гуфтӣ, ки аз рӯи бефарзандӣ гӯё хонавайрон шудаву баъд маро ба занӣ гирифтай. Сад афсус аз номардиҳои ту. Эй шахси бомаърифат! Дер огаҳӣ худро бадбахтарини бадбахтҳо ҳис мекунам фикр мекунам, ки он ҳарду зан хушбахт буданд, ки аз ту ҷудо шуданд.

Эҳтироми ман нисбати хешовандонат туро қонеъ намекардааст: Кадом хешовандон? Ҳамонҳое, ки баъди туй ва солҳои зиёди зиндагии қашоқонае, ки доштему иҷоранишин будем боре аҳволпурсии туву зану бачаҳоят наомадаанд?

ИДОМААШРО ФАРДО ШАБ СОАТИ 21-00 ИНТИЗОРО БОШЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД