goodwell
Тӯли ду сол фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомот санҷида намешавад
15.10.2026
Oila.tj
159

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо соҳибкорон дар Кохи Ваҳдат муҳлати мораторий ё санҷиши фаъолияти соҳибкоронро ду соли дигар дароз намуданд.

Бо амри Cарвари давлат то 1-уми январи соли 2029 ба ҷуз Кумитаи андоз дигар ягон мақомот ҳуқуқ надорад фаъолияти соҳибкоронро дар Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор диҳад. Ҳадаф аз ин инқдом дастгирии соҳибкории хурду миёна ва таъмини шароити муносиб барои соҳибкорон ва сармоягузорон мебошад.

Ёдрас мешавем, ки муҳлати қаблии қатъи санҷиши фаъолияти соҳибкорон аз 10-уми январи соли 2025 то 1-уми январи соли 2027 муайян гашта буд.

Президенти мамлакат ба сохторҳои марбута супориш додааст, ки дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор мониторинги риояи талаботи мораторий ва тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкориро мунтазам ба роҳ монанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД