11 талаба ва чанд омӯзгор кушта шуданд
Кӯдакон даҳшати аз сар гузаронидаашонро нақл карданд
Дирӯз дар мактаби миёнаи №88 воқеаи даҳшатборе сар зад, ки аз шунидани тафсилоташ ба тани кас мурғак медамад. Марди 34-солаи силоҳдоре бо ду пистолет вориди мактаб гашта, девонавор ба сӯйи муаллимон ва хонандагони ин мактаб тир кушодааст. Бар асари тирпарронӣ дар мактаб 17 нафар ҷони худро аз даст доданд, ки 11 нафарашон кӯдакон-хонандагони ҳамин мактаб мебошанд.
Ин ҳодисаи даҳшатбор дар шаҳри Ижевски Русия рӯй дода, мактаби миёнаи №88 яке аз калонтарин мактабҳои ин шаҳр ба шумор меравад. Дар ин муассисаи таълимӣ беш аз 1200 нафар хонандагон таҳсил мекунанд. Субҳи 26-сентябр як марди яроқдор, ки собиқ хатмкунандаи ҳамин мактаб будааст, бо ду адад пистолет ба мактаб ворид шуда, хонандагону омӯзгорони мактаби №88-ро мавриди ҳадафи худ қарор дода, девонавор тирборон кардааст. Бар асари ин ҳодисаи ваҳшатбор 17 нафар ҷони худро аз даст дода, боз даҳҳо нафари дигар захмӣ шудаанд.
Ба иттилоъи расонаҳои русӣ ҳолати 12 нафар хонандагони мактаб, ки аксарияташон аз сар тир хӯрда, сахт захмӣ шудаанд, вазнин буда, бачаҳои дар ҳолати критики қарор доштаро тавассути вертолёт ба Маскав барои табобат интиқол медиҳанд.
Як хонандаи ин мактаб, ки аввалин шуда, шоҳиди тирпарронӣ гаштааст, ҳодисаро ба хабарнигорони “«Комсомольская правда» нақл кардааст.
Аз рӯйи гуфтаҳои ин писарак аввал як садои ба таркиши начандон сахт монанд ба гӯш расида, ӯ гумон кардааст, ки касе хлопушка мекафонад, вале баъд чашмаш ба марди яроқдоре афтодааст, ки аз дари мактаб даромада, аввал ҷониби ду посбон, ки як нафарашон мӯйсафед будааст, тир кушода, баъд як хонандаи синфи 10-ро, ки аз рӯ ба рӯяш баромадааст, тирборон карааст, вале хушбахтона бача чолокӣ карда, рӯ ба гурез меорад ва захмӣ шуда бошад ҳам, зинда мемонад.
Пас аз ин қотил вориди мактаб гашта, як-як дари синфхонаҳоро кушода, хонандагон ва омӯзгоронро ба таври ваҳшиёна тирборон кардааст.
Шумораи қурбониёни ин ҳодисаи даҳшатангез метавонист ба садҳо нафар бирасад, агар директори мактаб ва омӯзгорон ҳушёрӣ карда, дари синфхоонаҳоро аз дарун маҳкам намекарданд. Онҳо даромади синфхонаҳоро маҳкам карда, бо баҳонаи он ки “ин факат як навъ санҷиши низомӣ аст” хонандагонро ором кунонда, таъкид кардаанд, ки овоз набароранд.
Қотил ҷониби дарҳои баста бетартибона тир кушодааст, то дилпур гардад, ки дар ин синфхонаҳо касе нест...
Кормандони пулис ҷасади қотили бераҳмро дар яке аз кабинетҳо таълимӣ пайдо карданд.
Пас аз ваҳшиёна тирборон кардани хонандагон ва омӯзгорону кормандони мактаб қотил даст ба худкушӣ задааст.
Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, шахсе, ки хонандагони мактабро бераҳмона тирборон намуд, собиқ хатмкунандаи мактаби №88 буда, бемории рӯҳӣ “шизофрения” доштааст.
Пусил дар манзили зисти қотил номаи пеш аз маргии ӯро пайдо намудааст. Қотил навиштааст, ки ба ҳамаи одамон нафрат дорад ва барои ин куштори оммавӣ дар мактаб чанд моҳ тайёрӣ дидааст.
Айни замон бо далели куштори зиёда аз 2 нафар парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти ин қазияи хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.
Президенти Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ҷиҳати фоҷиаи хунин дар мактаби №88-и Ижевск барқияи тасаллият ирсон намудааст, ки дар он аз ҷумла чунин омадааст:
“Муҳтарам Владимир Владимирович! Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевск, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар кӯдакон ва шаҳрванди болиғи Федератсияи Россия гардид, бо андӯҳи амиқ дарёфтам. Ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву тасаллиёти самимии ин ҷонибро изҳор менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».