Темуралӣ Наврӯзов 27-сол дошта, сокини ҷамоати наздимарзии Овчӣ-Қалъача мебошад ва бар асари яке аз муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон аз як пой маҳрум гаштааст. Қаҳрамони мо рӯзи мудҳиши рух додани ҳодисаро ба ёд оварда, қисса мекунад:
-Бегоҳии 29-уми апрели соли 2021 дар ҷамоати мо нооромӣ сар шуд ва садои тиру туфанг бархост. Ҳама дар тарсу ҳарос будем. Хурду калон кӯшиш мекарданд, ки ба ҷойи бехавфтаре паноҳ бубаранд. Тахминан соатҳои 6-и бегоҳ буд, ки садои ваҳмангезе баланд шуд. Аҳли оила ва зану ду фарзандам, ки хурдиаш нав 7-моҳа шуда буд, ба ҷойи нисбатан тинҷтар рафта буданд. Хостам бубинам, ки чи гап бошад. Дарвозаро нав нимроғ карда ба кӯча чашм давонда будам, ки сенаряде ба рӯи ҳавлӣ афтод ва маро аз як пой маҳрум сохт. Ҳамсояҳо маро ба беморхона бурданд. Хун мисли фаввора беист ҷорӣ мешуд. Ман аз ғояти тарсу ҳарос беҳуш шудам. Духтурони беморхона илоҷи пешгирии хунравии зиёдро дар буридани пой дида, поямро аз зону буридаанд. Ҳамин тавр ман дар айни чӯшу хурӯши ҷавонӣ аз як пой маҳрум гаштам, вале аз пойи равон монда бошам ҳам, шукр мекунам, ки ҷон ба саломат бурдам...
Аз тақдир ҷойи гурез нест
Темуралӣ мегӯяд баъди сар задани ҳамон ҳодисаи хунин бори дигар боварӣ ҳосил намуд, ки аз тақдир ҷойи гурез набудааст, зеро ҳамон шабу рӯзҳо вай ҳамроҳи додараш чиптаи ҳавопаймо харида буд ва бояд ба Русия мардикорӣ мерафт.
-Одам аз қисмат гурехта наметавонистааст. Чанд рӯз пештар аз вуқӯи он ҳодисаи мудҳиш ману додарам барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан чипта харида будем ва бояд ба Рассия мерафтем. Азбаски мо як оилаи миёнаҳол ҳастем ва ба ҷузъ як пора замини кишт, ки онро ҳам ба иҷора гирифта, деҳқонӣ мекунем, дигар ягон манбаи даромад надорем барои ҳамин 10 ҳазор сомонӣ қарз ( кредит ) гирифта будем.
Баъди он ки ман қурбонии тири қирғизҳо гашта, аз як пой маҳрум шудам, чиптаро ба касса бурда додем ва ҷаримааш пардохта, маблағи боқимондаро гирифтем. Азбаски дар оила фарзанди калонӣ ҳастам, умеди волидонам бештар ба ман буд, вале ба муҳоҷират рафтану пул кор кардан дар насибам набудааст. Як сол боз ба ҷойи бори зиндагиро кашидан муҷиби сарсонию саргардониҳои волидонам ҳастам,-мегӯяд Темуралӣ.
Қаҳрамони мо мегӯяд баъди сар задани н ҳодисаи нохуш беморхонаҳо барои падараш хонаи дуюм гашта, дар ба дари табибон медаванд, зеро занаш низ аз тарс ба бемории қанд гирифтор шуда, қанди хунаш тез-тез баланд мешавад.
“Он вақт писарчаи хурдиям ҳамагӣ 7-моҳа буд ва волидонам сахт азоб кашиданд. Аз як тараф нигоҳубини писари маъюбашон, аз ҷониби дигар келини бемор бар замми ҳамаи ин, парастории кӯдаки ширмак, ки ҳар лаҳза ғаш карда мегирист барои падару модарам хеле душвор ва сахту сангин буд. Худо рӯзҳои сиёҳи ба сари оилаи мо омадаро ба сари душман наорад,-ҳасрат мекунад Темуралӣ.
Захмӣ шудааст гуфтанд, вале...
Ҳурматой Наврӯзова, ҳамсари Термуралӣ мегӯяд, ҳамон рӯзи мудҳиш вай ду кӯдакашро гирифта, ба хонаи як хешашон паноҳ бурда буд. Аз рӯи маслиҳати пешакӣ баъди онҳо бояд шавҳараш ҳам меомад, аммо шаб шуду аз вай дарак нашуд. Пас аз чанд соат хабар расид, ки падари фарзанднаш аз пой захмӣ шуда, дар бемористон аст.
Ҳурматой оҳи сард кашида мегӯяд:
-Вақте аз шавҳарам дарак нашудан, аввал гумон кардем, ки дар ягон ҷо пагоҳ бурдаанду дертар меоянд. Вале баъдтар аз беморхона занг зада гуфтанд, ки он кас аз пояшон тир хурда, захмӣ шудаанд. Ҳарчанд наздиконам намегузоштанд, ки ба аёдати падари бачаҳоям равам, ман пойфишорӣ карда, ба бемористон рафтам, то ба чашми худам ҳолу аҳволи шавҳарамро дида, дилам қарор гирад. Ростӣ, то ба беморхона раисдан хаёл мекардам, ки шавҳарам бо пояш фақат захм бардошта, дар рӯи катӣ беморӣ нишастааст, аммо вақте вориди ҳуҷра гаштам, гӯё як сатил оби сардро касе аз сарам рехт. Шавҳарамро бо як пой дида дар ҷоям шах шудам. Қандам баланд шуду афтодам, дигар чи шуд, дар ёд надорам.
Шод бояд зистан, ношод бояд зистан
Ҳамин тавр моҷароҳои хунини дар марз ба сари ин оилаи тоҷик бадбахтӣ оварда, Темуралиро аз як пой маҳрум ва ҳамсарашро ба касалии диабети қанд гирифтор намудааст, вале бо ин ҳама онҳо худоро шукрона мекунанд, ки ҷон ба саломат бурда, зинда монданд. Тумуралӣ моҳи апрели соли равон пойи сунъӣ насб намуда, акнун талош бар он дорад, ки бо пойи ориятӣ оилаашро хӯронаду пӯшонад. Ин ягона оилае нест, ки бар асари чунин муноқишаҳои хунин дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон зарар дидааст. Танҳо бар асари муноқишаи рӯзи 28 апрели 2021 сар зада дар пайи як баҳс, ки баъдан рӯзи 29- апрел ба даргирии мусаллаҳонаи низомиёни ду кишвар табдил ёфт, даҳҳо хона вайрон гашта, захмиёну қурбониёни зиёдеро ин моҷаро дар пай дошт.
Фарзона Муродӣ
Деваштич-Овчӣ-Қалъача-Деваштич