sebiston july new
Тими Тоҷикистон бар Қирғизистон ғалаба намуд
1381

Дастаи ҷавонони Тоҷикистон таҳти раҳбарии Далер Каёсов дар мусобиқоти қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (U-17), ки дар Ҳисор ҷараён дорад, дувумин пирӯзӣ ба даст овард.

Дар даври сеюм ҷавонони мо, ки дар ҷараёни вохӯрӣ мағлуб шуда, дар як қувваозмоии душвор ҳамсолони худ аз Қирғизистонро бо ҳисоби 4:1 шикаст доданд.

Дар бозии дигар тими Афғонистон аз тими Эрон қавитар буд – 2:1.
Бозиҳои даври чаҳорум рӯзи ҷумъаи 25 август баргузор мешаванд. Дар ин рӯз вохӯриҳои Эрон-Қирғизистон (оғоз соати 18:00) ва Узбакистон-Тоҷикистон (оғоз соати 21:00) баргузор мешаванд.

Бояд гуфт, ки дар доираи чемпионати ҷавонони CAFA-2023 дар маҷмӯъ 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқаҳо аз рӯи системаи даврӣ дар як давр гузаронида мешаванд, ки дар он ҳар як даста бо ҳар як даста бозӣ мекунад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи холҳо муайян карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД