Commerc banl
Тими миллии бонувони Тоҷикистон ба ҷамъомади таълимӣ оғоз кард
24.02.2026
Oila.tj
82

Тими миллии бонувони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар шаҳри Душанбе ба машқҳои дастаҷамъӣ оғоз намуд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, ин ҷамъомад дар доираи омодагӣ ба бозиҳои дӯстонаи байналмилалӣ муқобили тими Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Ба иттилои манбаъҳои расмӣ, тамринҳо дар пойтахт то 26-уми феврал идома меёбанд. Дар ин муддат ҳайати даста барномаи пуршиддати омодагӣ, аз ҷумла машқҳои тактикӣ, кори инфиродӣ бо бозигарон ва бозиҳои назоратиро анҷом медиҳад. Ситоди мураббиён талош дорад сатҳи ҳамоҳангии хатҳои дифоъ ва ҳамларо беҳтар намуда, омодагии ҷисмонӣ ва равонии бозигаронро тақвият бахшад.

Рӯзи 27-уми феврал ҳайати мунтахаб ба шаҳри Дубай сафар мекунад. Дар он ҷо бонувони тоҷик бо тими миллии Амороти Муттаҳидаи Араб ду бозии дӯстона анҷом медиҳанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 1 ва 5-уми март баргузор мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД