Sebiston new 2024 october
Тими “Истиқлол” бо Урдун ва “Равшан” бо Эрон рақобат мекунад
211

Рӯзҳои 22-23-юми октябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25 оид ба футбол баргузор хоҳад гашт. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.

Дар доираи бозиҳои даври сеюми Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024-25 рӯзи 22-юми октябр тими «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «С» бо дастаи «Ал-Ваҳдат»-и Урдун бозӣ мекунад. Бозӣ соати 19:00 оғоз меёбад.

«Равшан»-и шаҳри Кӯлоб рӯзи 23-юми октябр дар доираи даври сеюми гурӯҳи «А» дар Душанбе бо «Трактор»-и Эрон рақобат менамояд. Бозӣ соати 19:00 оғоз мешавад.

Дар даври чоруми марҳилаи гурӯҳӣ рӯзи 6-уми ноябр «Трактор» ва «Равшан» дар шаҳри Табрез бозӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД