arzon replenishment
Тиллоҳоямро фурӯхта шавҳаркобӣ равам?
14.05.2023
ОИЛА
835

Салом! Адолат ҳастам аз Мӯминобод. Шавњари ман ҳам мисли дигар мардҳои тоҷик дар Русия мардикорӣ мекунад.

Пештар тез-тез занг мезад, вале вақтҳои охир бепарво шудааст, то худам телефон накунам, занг намезанад. Метарсам, ки барои чор танг пули Русия шуда, оилаам вайрону фарзандонам зиндаятим нашаванд.

Ростӣ, бо чор-панҷ ҳазор рубли русие, ки шавҳарам мефиристад, зиндагиро пеш бурдан душвор аст, чунки мо 4 фарзанд дорем ва ҳамаашон сару либосу хӯроки нағз мехоҳанд, вале болои сӯхта намакоб гуфтагӣ барин, хоҳару додарони шавҳарам тез-тез ба хонаи ман омада пул мепурсанд. Пул нест гӯям, ба сарам дод мезананд, ки пулро ту не, бародари мо кор мекунад.

Шунидам, ки мардакам дар Русия зан гирифтааст. Ба дилам оташ афтидааст. Мехоҳам тилловориҳоямро фурӯхта чи пта харам ва бачаҳоямро гирифта ба Русия назди шавҳарам равам,вале хушдоманам ва модарам иҷозат надода истодаанд.

Мегӯянд, ки ту як зани деҳотӣ ҳастӣ, бе розигии шавҳарат ба Русия равию вай аз қаҳр туро дар он ҷо соҳибӣ накунад, дар кӯча мемонӣ. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чи кор кунам?

Поделиться новостью
Шарҳ
(2)
Як мухлиси газета аз фархор 2023-05-14, 23:26
Равед агар зани дигар гирад як умр азоб мекашед харчи шавад равед
Посух
Саида 2023-07-20, 15:42
Ин беакли аст аз паи зиндагии худатон шавед пули фирсондааш ками кунад ба кор бароеду фарзандонаторо нигох кунед. Аз рафтани шумо хеч фоидае нест. Шавхаратон дар ончо ягон бевазани русро ёфта бо у айшу ишрат карда гаштааст. Пулхояшро чам кардан гиреду ба худ хона харед апаву хохарашро ба хона рох надихед
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД