Formula novemver 2024
Тилло деҳ, фолат мебинам
3393

Субҳи имрӯз ҷавонзани тахминан 36 солаи ҳисорӣ бо исми М. ба идораи сомонаи Оила занг зада, аз он шиква намуд, ки як зани бадол вориди хонаи хоҳаронаш гашта, бо дурӯғу фиреб худро фолибини ботаҷриба муаррифӣ кардааст ва баъдан ба боварии эшон даромада, ҷавоҳироти тиллоияшонро бо ҳазор ҳиллаву найранг ба даст оврада, аз хонаашон фирор кардааст. 

Ин хонандаи ҳамешагии сомонаи Оила мегӯяд: хоҳари хурдияш дар деҳаи Лолагии шаҳри Ҳисор зиндагӣ мекунад. 

 Ин зани ҷосус, ки синну солаш тахминан 35-40 сола ба назар мерасад, аз забони касе мушкилоти хоҳарамро фаҳмидаасту ба хонаи онҳо рафтааст. Барои ба боварии оилаи хоҳарам даромадан аввал як коса об пурсон шудааст. Мардуми тоҷик чун анъана меҳмондӯстанду носанҷида дари хонаро ба рӯйи ҳар кас боз мекунанд, хоҳарам барои савоб расидан, косаи обро ба ӯ дароз карда, ба доми бало гирифтор гаштааст. Зани фиребгар арӯсаки яксоларо аз нӯги пой то фарқи сараш назорат карда, ҳилаву найрангашро ба кор бурдааст. Чашмони бозингарашро ин сӯву он сӯ тоб дода, гӯё роҳи ҳали мушкилоти онҳоро меёфта бошад, тилло талаб кардааст. Ҳато гуфтааст, ки ман фолбини моҳирам, ангуштарини тиллоии дастатро дар пешам гузорӣ, ба Худо қасам чунон фол мебинам, ки ояндаат дар пеши чашмонам мисли навори кино давр мезанад. Хушдомани хоҳарам зери таъсири гипнози зани дурӯғгӯ монду ангуштаринро дар пеши ӯ монда, ҳар чизеро дар ояндаи келинам мебинед, мо розием гуфтааст. 

Бар зами ин он зани фиребгар суроғаи хоҳари дигарам, ки М. ном дораду аз деҳаи Ҷӯйбодоми Ҳисор мешавад, пурсон шудаасту ба проблемаи оилавии онҳо низ бинӣ халондааст. Он зани фиребгар ба хоҳари дигарии шаҳрванд М. худро аз Булбулчашмаи Ҳисор муаррифӣ намудааст. Ба хотири он, ки ояндаи наздик фарзандор мешавад ё на, хоҳарамро фиреб кардааст. Илова бар ин ангуштарини ӯро бо нияти он, ки ӯро фол кушода, ҳақиқатро гуфтааст, кишида гирифтааст.
М. бо нигаронӣ мегӯяд, ки ин хел одамон аз куҷо ин қадар ҷуръат доранд? Кӣ медонад ба ғайр аз хоҳаронам боз чанд нафарро дар рӯзи равшан ғорат карда бошанд?!
P.S: 

Ба хотири эҳтироми шаъну шараф ва ҳифзи сарчашма ахбор номи аслии манбаи иттилоъ ҳифз карда шуда, ҳарфи аввали ном оварда шудааст. Касоне, ки шубҳа доранд, метавонанд ба идораи мо муроҷиат намоянду бо манбаи хабар дар тамос шаванд ва ё сабти овозиро гӯш кунанд. Мақсади шаҳрванд М. аз занг задан аз он иборат буд, ки дигар занону духтарони кишвар ба доми чунин фолбинҳои қаллоби Худобехабар наафтанд. Он касоне, ки дар бораи ин фиребгар ягон маълумот дошта бошанд, метавонанд ба телефони боварӣ 2-21-21-21, занг зананд ва ё бо сомонаи Оила ба рақамҳои 93-877-51-14 дар тамос шаванд.

Масъалаи мазкур бисёр ҷиддӣ буда, вақтҳои охир ҳарчанд чандин фиребгар аз ҷониби ВКД дастгир шуда бошанд ҳам, боз чандин нафари дигар зери ниқоби бечораю бенаво бо ҳар восита ба хонаи одамон роҳ ёфта, онҳоро ғорат карда истодаанд. Аз ин лиҳоз, аз тамоми шаҳрвандон, бахусус, занону модарон даъват ба амал оварда мешавад, ки одами ношиносу шубҳанокро ба хона роҳ надиҳанд ва ба ҳар кас бовар накунанд.


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД