Президенти Амрико Доналд Трамп ҳуҷҷатеро имзо намудааст, ки тибқи он шабакаи иҷтимоии ТикТок пурра моли Амрико гаштааст.
Маблағи қарордод 14 миллиард долларро ташкил намуда, пас аз имзои ин ҳуҷҷат шабакаи иҷтимоии ТикТок ба пуррагӣ моли Амрико гашт.
Шабака фаъолияташро дар дохили кишвар идома медиҳад, вале акнун ширкатҳои амрикоӣ онро идора менамоянд. Алгоритмҳо барои "версияи бехатар" дар бозори Амрико мутобиқ карда мешаванд ва ширкати чинӣ дастрасиро ба онҳо комилан аз даст медиҳад.