Вақтҳои охир тез-тез кӯдак хоб мебинам. Аксар вақт дар хобам тифлаки зебои навзодеро ба оғӯш гирифта, навозишу меҳрубонӣ мекунам. Модарам мегӯянд, ки кӯдак дар хоб парӣ аст ва бояд худамро дуохонӣ кунам, вале ман ба ин гапҳо чандон бовар надорам. Илтимос, бигӯед, ки тифли навзодро хоб дидан чӣ таъбир дорад?
МАДИНА, аз шаҳри Норак
Посух:
- Кӯдак дар хоб на ҷин аст, на парӣ, баръакс чунин хоб бениҳоят фоли нек мебошад. Дар аксари хобномаҳо омадааст, ки тифли навзод дар хоб рамзи хушбахтӣ, саодат ва барору комёбиҳои нав ба нав дар ҳаёти шахси хобдида аст.
Махсусан хоб дидани писарчаи навзоди солим хуб буда, нишонаи соҳиби давлату сарват, боигарӣ ва обрӯю нуфузи зиёд гаштани шахси хобдида мебошад.
Имом ибни Сирин таъкид намудааст, ки шахси кӯдак хобдида бояд ба он диққат диҳад, ки ҳолати тифл чӣ гуна буд ва ҳолати худи ӯ чӣ гуна. Мувофиқи хобномаҳо, агар шахс хоб бинад, ки тифлаки зебое бо ханда ба сӯйи ӯ омада истодааст, тасодуфан бо дӯсти ҷониаш, ки кайҳо боз ӯро надида буд, вомехӯрад ва аз ин дӯсташ ба вай манфиатҳои зиёде мерасад.
Хоб бинед, ки тифлакеро хобонида истодаед, шумо соҳиби мансаби баланд мегардед ва обрӯю нуфузатон дар байни мардум меафзояд.
Хоб бинед, ки дар сари дастатон тифли навзод доред, ба орзуи деринаи худ мерасед. Мард чунин хоб бинад, аз ягон манбаи нави даромад фоидаи калони пулӣ мегирад.
Зан хоб бинад, ки дар бағалаш кӯдак дорад, ҳомиладор шуда, фарзанди солим ба дунё меорад. Духтари ҷавон чунин хоб бинад, ба зудӣ марди орзуҳояшро пайдо намуда, соҳиби оилаи обод ва хушбахт мегардад.