Sebiston new 2024 october
Телефонбозӣ боиси саратони майнаи сар ва хирашавии чашмони кӯдак мегардад
545

Имрӯзҳо аксари модарони ҷавон ба хотири ором кардани кӯдакони худ ба дасти онҳо телефон медиҳанд. Телефони мобилӣ дар ҳақиқат бо барномаҳои ҷолибаш диққати кӯдаконро ҷалб месозад, вале он барои саломатии кӯдакон зарари зиёде дорад.

Якум: Истифодаи аз ҳад зиёди телефони мобилӣ боиси гирифтор шудан ба саратони майнаи сар, сафедшавии хун (лейкемия), Алтсгеймер ва Паркинсон барин бемориҳои вазнин гашта метавонад.

Дуюм: Рӯзи дароз телефонбозӣ кардани кӯдак хотираашро заиф гардонида, боиси суст шудани шунавоӣ ва биноӣ мегардад.

Сеюм: Муддати тӯлонӣ чашм аз телефони мобилӣ накандан ба вайроншавии кори системаи дилу рагҳо ва баландшавии фишори раги шараёнӣ бурда мерасонад.

Чорум: Телефонбозӣ боиси бехобӣ, суст шудани иммунитет ва тез-тез ба бемориҳои сироятӣ гирифтор гаштани кӯдакон мегардад.

Панҷум: Телефонҳои мобилӣ қобилияти тавлиди майдонҳои электромагнитиро доранд. Аз ин рӯ, шуоафкании (радиатсия) он ба системаи масуният ва асаб таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҳамин сабаб кӯдаконе, ки дастгоҳҳои мобилиро зиёд истифода мебаранд, асабиву инҷиқ мешаванд.

Шашум: Бар асари зиёд бо телефони мобилӣ бозӣ кардан чашмони кӯдак хира шуда, дарди сар пайдо мешаванд.

Ҳафтум: Баъзе модарони ҷавон бар он ақидаанд, ки бо истифода аз телефони мобилӣ ва компютеру гаҷетҳо ҷаҳонбинии кӯдак васеъ мегардад. Аммо олимон исбот кардаанд, ки донишҳои тариқи телефони мобилӣ гирифта зуд аз хотир фаромӯш мешаванд.

Модарони азиз! Ба хотири роҳати худ ба фарзандони хурдсолатон телефони мобилӣ надиҳед, чунки телефонбозӣ метавонад боиси ба бемориҳои зиёде гирифтор шудани кӯдак гашта, ба ҳаёти ояндааш таъсири манфӣ расонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД