Салом ба хонандагони азизи сомонаи Оила. тч!
Ман дар яке аз ноҳияҳои атрофи шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунам ва ниёз ба маслиҳати шумо дорам.
Аҳли оилаи мо андаке хурофотпараст ва дар тарбияи духтар сахтгиранд. Падару бародаронам ҳамеша таъкид мекарданд, ки духтар бояд сарпаст, боодоб, бо иффат бошад ва ҳар як қадамашро дониста гузорад, то ки обрӯи падару модар ва аҳли авлодашро нарезонда, бо номи нек ба шавҳар барояд. Ман ҳам ҳаргиз аз хати кашидаи волидонам берун намебаромадам, аммо телефон доштани тамоми дугонаҳоямро дида, щавасам омад ва аз аҳли оилаамон пинҳонӣ телефон гирифтам. Ҳамин тавр рӯзе тариқи теелфон бо як љавони шањрї шинос шуда, ањди ишќу муҳаббат бастем. Азбаски дар ягон љо намехонам, рўзи дароз бекор будаму аз бекорї дам ба дам ба ҷавони дӯстдоштаам занг зада, чаќ-чаќ мекардам. Модарам чандин бор маро њушдор дода гуфтанд, ки ягон рўз ба дасти бародаронат меафтию рўзатро сиёњ мекунанд, вале ба гўши мани ошиќ он замон панду насињат намедаромад. Дарро аз дарун баста, рўзро бо гапзанї шом мекардам. Падару ародаронам аз паси кору бори худашон овора буданд ва ба ѓайр аз модарам дигар касе телефондории маро намедонист, чунки ҳамеша телефонамро пинҳон мекардам, вале...
Як рўз бародарам тасодуфан ба хонаи хоби ман медарояд ва қасд кардагӣ барин ҳамон лаҳза ҷавони дӯстдоштаам занг мезанад. Бародарам телефонро бардошта, бо ӯ сӯҳбат мекунад.
Хулоса, ҳамин тавр сирру асрорам фош гашта, телефон доштан ва бо он ҷавон риштаи ишқу муҳаббатбастанамро падару бародаронам фаҳмиданд. Ќиёмат он рӯз дар хонаи мо гӯё қоим гашта буд. Падару бародаронам маро хеле сарзаниш карданд ва ба хулосае омаданд, ки барои пешгирӣ намудани оқибатҳои бади телефонбозӣ бояд фавран маро ба шавҳар диҳанд. Дӯстдоштаам чанд маротиба ба хонаамон хостгор фиристода бошад ҳам, падару модарам қабул накарданд. Волидонам барқасд маро ба як ҷавони деҳотӣ, ки дар як деҳаи кӯҳистон зиндагӣ мекардааст, ба шавҳар доданиянд. Ҳарчанд мегӯям, ки ман он ҷавонро тамоман намешиносам ва ба ӯ ба шавҳар баромадан намехоҳам, касе ба гапам гӯш намекунад. Илтимос, маслиҳатам диҳед, чи кор кунам?
Г. С.