Театри миллӣ дар солгарди ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин хусус вазири фарҳанги кишвар Матлубахон Сатториён имрӯз, 6-уми июл зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд.
Ёдрас мешавем, ки хишти аввали сохтмони Театри миллӣ ҳанӯз соли 2015 гузошта шуда буд, вале бо сабаби ҷой доштани мушкилиҳои молиявӣ соли 2017 сохтмонаш боздошта шуд. Моҳи июли соли 2024 сохтмони Театр дубора оғоз ёфт.
Расман театри миллӣ моҳи декабри соли 2025 таъсис ёфта, моҳи январи соли 2026 Манучеҳр Шарифзода аввалин роҳбари он таъин гашт.