Бо оғози моҳи сентябр мавсими нави театрӣ дар ҷумҳурӣ сар шуд. Театри калонтарини кишварамон Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ мавсими нави театриро бо кадом намоишнома оғоз менамояд? Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо ба директори ҷавони ин театри номдор Абдукарим Машрабов занг задем.
Тавре ки Машрабов зикр кард, корҳои таъмирӣ дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ҳанӯз ба анҷом нарасидаанд, аз ҳамин сабаб маросими расмии кушодашавии мавсими нави театрӣ каме дертар, таъминан 26-27-уми сентябр баргузор хоҳад гашт.
"Ин чунин маънӣ надорад, ки дарҳои театр бастаанд. Аҳли эҷоди театри мо ҳамарӯза ба дӯстдорони санъати театрӣ намоишномаҳои ҷаззоб ва тамошобобро манзур мекунанд. Айни замон мо 4-5 намоишномаро ба тамошобинон пешкаш карда истодаем. Яке аз ин намоишномаҳо “Ишқи Ватан” унвон гирифтааст ва зиндагиномаи шоири ватанпарасти мо, зиндаёд Ҳабиб Юсуфиро инъикос менамояд", - гуфт директори театр.
Ин намоишномаи ҷаззобро коргардон Баҳром Қурбонзода аз рӯйи асари Раҷабалӣ Қудратов таҳия намудааст. Нақши Ҳабиб Юсуфиро дар “Ишқи Ватан” ҳунарманди бомаҳорат Ризо Юсупов мебозад.
Мухлисони санъати театрӣ метавонанд, ҳамчунин, аз тамошои намоишномаи “Пораабри сафеди Чингизхон” дар театри Лоҳутӣ лаззат бибаранд. Ин намоишнома аз рӯйи асари адиби машҳур Чингиз Айтматов таҳия шуда, онро саркоргардони театри Лоҳутӣ Султон Усмонов ба саҳна гузоштааст. Нақшҳои асосиро дар “Пораабри сафеди Чингизхон” ҳунармандони машҳур Фирӯз Умаров, Асалбек Назриев, Ризо Юсупов ва Гулмира Аҳрорзод мебозанд.
Хотиррасон менамоем, ки намоишномаи "Пораабри сафеди Чингизхон" имсол дар Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ "Парасту-2023" дар наминатсияи "Намоишномаи беҳтарин" сазовори ҷойи аввал гашта буд.
Театри Лоҳутӣ хотири тамошобинони хурдсолашро имрӯзҳо бо намоишномаҳои “Қиссаи бешазор” ва “Се додарон” шод мегардонад.