Formula novemver 2024
Тағйироти калони кадрӣ дар ҷумҳурӣ
1339

17 апрел Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои пурмасъул дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» таъйин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, дар мувофиқа бо Президенти кишвар сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода, ноҳияи Лахш, Левакант, Хуросон, Восеъ, Данғара, Шамсиддин Шоҳин, Панҷ, Муъминобод, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон, шаҳрҳои Гулистону Истаравшан, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъйин гардиданд.

Инчунин, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Ҷурахон Маҳмад аз вазифаи муовини якум ва Ҷабборзода Хуршед Бурӣ, аз мансаби муовини директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию
коммуналӣ» озод шуда, Достизода Абдулазиз Абдурашид муовини якум ва Расулзода Раҷабалӣ Абдусаид муовини директори генералии ин ниҳод таъин карда шуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД