formula feb 2025
Тағйироти кадрӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон
422

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо амру фармонҳои худ имрӯз дар як қатор вазорату идораҳои кишвар тағйироти кадрӣ ба амал оварданд.

Аз ҷумла Ҳасанзода Гулнора Кенҷа аз вазифаи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, бо Фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷояш Холмаҳмадзода Солеҳа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Холмаҳмадзода соли 1976 дар шаҳри Турсунзода ба дунё омада, соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси муҳандис ва соли 2002 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Солеҳа Холмаҳмадзода дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор карда, солҳои 2015-2020 муовини раиси шаҳри Тунсунзода буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД