Sebiston new 2024 october
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
543



Имрӯз бо амру фармонҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумат дар чанд сохтори муҳим тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Аз ҷумла, Эмомалӣ Насриддинзода аз мақоми Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа озод шуда, ба ҷойи Қобилҷон Хушвақтзода ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Курсии Насриддинзодаро дар Дастгоҳи иҷроияи Президент Абдулло Раҳмонзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш соҳиб шуд. Ба ҷойи Раҳмонзода вакили парлумон Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси ин кумита таъин гардид.

Қобилҷон Хушвахтзода акнун ба ҷойи Фарҳод Раҳимӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон шуда, Раҳимӣ мақоми раиси Кумитаи навтаъсис оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД