arzon replenishment
Тағйироти кадрӣ дар 3 сохтор
546

Имрӯз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Муҳаммад Бақо бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи муовини сардори Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, Шарифзода Фирӯз Бобоназар муовини якум ва Дилнозахон Аҳмадзода муовини сардори ин ниҳод таъин шуданд. Аҳмадзода аз моҳи феврали соли 2022 дар мақоми муовини директори Агентии хизмати давлатӣ ва фаъолият дошт.

Сафарзода Суҳроб аз вазифаи муовини якум ва Аҳмадзода Музаффар аз мақоми муовини директори Агентии назорати давлаии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, Расулӣ Барот муовини якум ва Камолзода Фирӯз Анварали муовини директори Агентӣ таъин шуданд.

Аҳмадзода Дилноза аз вазифаи муовини директори Агентии хизмати давлатӣ озод шуда, Қурбонзода Ҳилолбӣ Ҷумъахон ба курсии ӯ нишаст. Қурбонзода то чанд рӯз пеш раиси Кумитаи кор бо занон ва оила буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД