Дар ИМА яке аз ширкатҳои ҳавопаймоӣ хатсайрҳои махсусро барои мусофироне ба роҳ мондааст, ки муносибатҳои маҳрамонаи худро рангин сохтан мехоҳанд. Яъне, дар чунин хатсайрҳо дар дохили тайёра ҳангоми парвоз бо мубошират машғул шудан мумкин аст. Барои хоҳишмандон дар дохили тайёраи мазкур шароитҳои мусоиди романтикӣ муҳайё карда шуда, рахти хоби дунафара ва болишт гузошта шудааст. Парвоз 1-1,5 соат давом карда, дар он то 6 нафар мусофирро ҷой карда метавонанд. Баъд аз анҷоми вақти зикршуда тайёра мусофиронро боз ба ҳамон фурудгоҳ оварда мерасонад. Арзиши чунин хизматрасонӣ 2 ҳазор долларро дар бар мегирад. Ширкат ба хоҳишмандон махфияти комилро ваъда медиҳад.