Arzon march 2024
Таяммум кунам ё?...
972

 

Муддати се сол мешавад, ки таҳоратамро дошта наметавонам. Синнам ба 55 расидааст. Аз чанд нафар пурсидам, мегӯянд, ки таяммум кунед. Мехостам фаҳмам, ки мушкилии маро ислом чӣ гуна раҳнамоӣ мекунад?

Хонандаи “Оила”.

 

Ҷавоб

Ин тоифаи одамон эмоматӣ карда наметавонанд, аммо барои намози худашон ягон халал эҷод намекунад. Дини ислом, дини фитрӣ, яъне мувофиқ ба хилқати инсон аст. Одам ба андозаи қудрат ва тавоноиаш ибодат мекунад. Баъзе бемориҳое ҳастанд, ки боиси чаккамезак мешаванд ва инсон пешоби худро дошта наметавонад, баъзе дигарро бошад, хуни биниашон мерезад ё бодро дошта наметавонанд ва ё дар баданашон ҷароҳати чирку фасоддошта доранд. Чунин ашхосро дар дини мубини ислом маъмулан шахси маъзур, яъне узрдор мегӯянд. Тибқи мазҳаби имом Абу Ҳанифа (р.а) таҳорати чунин одамонро хурӯҷи вақт, яъне баромадани вақт мешиканад. Фарз кардем, ки ҳангоми намози бомдод таҳорат мегирад, ҳарчанд чакра-чакра мезак дошта бошад ҳам, пешоби худаш либоси ӯро бенамоз намекунад ва метавонад намози худро адо намояд, вале вақте офтоб баромад, таҳораташ мешиканад. Барои ҳар як намоз бояд таҳорат кунад.

 

 

 

 

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД