Барои он, ки мӯйҳоятон дароз шаванд, чанд қоидаро риоя намоед: Аввалан мӯятонро зуд-зуд қайчӣ назанед. Дар тӯли 1 сол дарозии мӯй тақрибан 10-15 см дароз мешавад.
Танҳо се омил ба ҳолати мӯйҳо таъсир мерасонад: синну сол, ирсият, вазъи саломатӣ ва ҳолати пӯст. Барои афзоиши хубтари мӯйҳо кокулонро нигоҳубин бояд кард. Қабл аз ҳама шампун ва балзаму кондитсионерҳои ба мӯятон мувофиқро интихоб намоед. Аз мағозаҳо воситаҳои зиёди саршӯиро дастрас карда метавонед, вале мустақилона тайёр кардан ҳам мумкин аст.
Масалан, чунин ниқоби самарабахшро тайёр кунед: миқдори баробари зардии тухм, асал ва шарбати сабрро (алоэ) аралаш кунеду ба кокулони тозаву таратон молида, бо сачоқ печонед ва тақрибан як соат нигоҳ дошта, баъдан обгардон кунед. Чунин ниқобро ҳафтае як бор тайёр кардан мумкин аст.
Боз як маслиҳат: дар 3 рӯз як маротиба ба решаи мӯятон маҳлули қаланфури сурх (настойка из красного перца)-ро молед.
Ғизои солимро фаромӯш насозед, бештар об нӯшида, витамину иловаҳои минералиро истеъмол намоед, то ки мӯятон дарозу ғафс ва пурҷилло гардад.
Дар ҷараёни афзоиши мӯй нақши муҳимро маҳси сар мебозад. Маҳс гардиши хунро беҳтар намуда, решаҳои мӯйҳоро ғизо медиҳад. Рӯзе ақаллан як бор саратонро маҳс намоед. Ангуштонатонро ба даруни мӯйҳоятон дарореду 2-3 дақиқа саратонро маҳс кунед.